Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои Эм-Ти-Ви ба соҳибонашон расид


Мадоннаву Шокира - ду ҳунарманди шинохташудаи мусиқии поп, ки имсол дар чандин бахш номзади ҷоизаи озмуни бонуфузи Эм-Ти-Ви (MTV) буданд, саранҷом шомгоҳи панҷшанбе (31 август) аз толори мусиқии Рейдио-Ситии Нйу Йорк бо дасти холӣ берун рафтанд.

Гурӯҳи роки Паник! (Panic!) бо бурдани ҷоизаи беҳтарин намоишномаи видеоии сол (клипи мусиқӣ) Мадоннаву Ред Ҳот Чили Пеперз (Red Hot Chilly Peppers)-ро нороҳат кард.

Ҷеймс Блант (James Blunt) бо таронаи маъруфи "Ту зебоӣ" (You are beautiful) унвони беҳтарин овозхони мард дар видео ва Келли Кларксон (Kelly Clarkson) бо оҳанги маъруфи дигари "Ба хотири ту" (Because of you) унвони беҳтарин овозхони зан дар клипи видеоиро ба худ ихтисос доданд.

Барои хонум Шокира (Shakira) низ даври имсолаи мусобиқаи Эм-Ти-Ви чандон бомуваффақият набуд. Дар оғоз ӯ номзади дарёфти ҳафт ҷоиза буд, аммо дар натиҷа танҳо яктои он насибаш шуд, яъне беҳтарин рақсандаи клипи мусиқӣ барои таронааш "Ронҳо дурӯғ намегӯянд" (Hips don't lie).

Имсол дар миёни дигар барандаҳои ҷоизаи Эм-Ти-Ви номҳои Пинк (Pink) дар бахши беҳтарин таронаи видеоии поп, Биёнсе (Beyonce) дар бахши беҳтарин намоишномаи жонри R&B ва гурӯҳи "Ол Американ Реҷектс" (All-American Rejects) дар бахши беҳтарин гурӯҳи ҳунарии видеуӣ дурахшиданд.

Ин бисту панҷумин маросими эътои ҷоизаҳои мусиқии Эм-Ти-Ви буд, ки барои дуввумин бор дар Нйу Йорк сурат гирифт. Дар гузашта ин барнома соле як бор дар шаҳри Майямии Омрико баргузор мешуд.
XS
SM
MD
LG