Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар худдорӣ аз бозгардони Насруллоевро хуш пазироӣ намудаанд


Федеротсиюни Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки ҳукми додгоҳи Русия дар мавриди худдорӣ аз бозгардони Ҳабибулло Насруллоев ба Тоҷикистонро хуш пазироӣ кардааст.


Ба гуфтаи ин созмон, ки марказаш дар шаҳри Вена мебошад, тақозои бозгадони Ҳабибулло Насруллоев раиси собиқи муассисаи "Тоҷикматлубот", ки аз тарафи мақомоти Тоҷикистон матраҳ шудааст, "ҳадафҳои сиёсӣ" дорад.


Идораи додситонии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки соли 1997 Насруллоев дар талош барои барандозии ҳукумати зери Эмомалӣ Раҳмонов аз роҳи низомӣ саҳм доштааст. Ҳамзамон додситонии Тоҷикистон раиси собиқи "Тоҷикматлубот"-ро ба қатл ва узвият дар созмонҳои ҷиноӣ муттаҳам мекунад.


Дар таърихи 21 август додгоҳи шаҳри Маскави Русия қарори таслими Насруллоев ба Тоҷикистонро, ки аз тарафи додситонии кулли Русия имзо шуда буд, беэътибор донист. Анна Ставитская - вакили мудофеъи Насруллоев дар Русия гуфтааст, ки раиси пешини "Тоҷикматлубот" тасмим гирифтааст масъалаи боздошти ғайришаръии худ дар Русияро ба Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Урупо матраҳ кунад.
XS
SM
MD
LG