Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилоф дар ҳизби демократ, изҳороти нави Зойиров ва шурӯи соли нави таҳсил


Нашрияи «Азия Плюс» матлаби марбут ба ихтилофҳои ахир дар ҳизби демократи Тоҷикистонро «Тафриқа» унвон карда ва аз баргузории анҷумани фавқулоддаи ҳизб бо ташаббуси ҷиноҳи «Ватан» хабар додааст. Ба навиштаи нашрия Масъуд Собиров, муассиси ҷиноҳи «Ватан», бештар аз як сол аст, ки ҳизби демократ бесарвар аст, муовини аввали раиси ҳизб Ҷумъабой Ниёзов аз роҳбарии ҳизб худро канор мегирад ва ҳар касе мохоҳад онро раҳбарӣ мекунад. Нашрия навиштааст, ҳарчанд раҳбарияти ҳизб ин анҷуманро ғайриқонунӣ унвон кард, вазорати адлияи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ба ҳайси раиси ин ҳизб мешиносад, вале дар ин анҷумани фавқулодда Масъуд Собир раиси ҳизб интихоб гардид.
Аммо «Вақт» аз ҷараёни анҷумани доиркардаи ҷиноҳи «Ватан» дар матлабе унвони «Собирови Фавқулодда» гузориш дода навиштааст: «Масъуд Собиров ва ҷонибдоронаш акнун ба ин боваранд, ки раҳбарии ҳизби демократии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аммо 28 август раҳбарияти расмии ҳизби демократ нишасти матбуотӣ доир намуда, даъват ба баргузории «Анҷумани фавқулодда»-и (Масъуд Собиров)-ро ғайриқонунӣ ва мухолиф ба Оинномаи ҳизб маънидод карданд".
Дар ҳамин ҳол «Миллат» бо истинод ба гуфтаи Ҷумъабой Ниёзов, муовини аввали раиси ҳизби демократи Тоҷикистон навиштааст, «Анҷумани фавқулодда ғайриқонунӣ буд» ва ҳамзамон аз ӯ суол кардааст: «Шумо дар мавриди қонуншиканӣ, ё таъсиси як фраксиюн аз сӯи ҷиноҳе бо номи «Ватан» ҳарф мезанед, дар ҳоле ки гуфта мешавад худи шумо қаблан ба ширкати 10 нафар аъзои ҳизби демократии Тоҷикистон дар Алмаато ҷиноҳи Алмааторо таъсис додед, оё ин иқдоми шумо қонунӣ буд?
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ин ихтилофҳо дар ҳизби демократро «Боз як таркиш» унвон карда ва чунин навиштааст: «Ин чорумин таркиш дар ҳизби демократи Тоҷикистон аст. Аҷиб аст, ки дар дафтари марказии ҳизби демократ сурати калони раиси маҳбусашон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров нигоҳ дошта мешавад. Онҳо ба асосгузори ҳизби демократ Шодмон Юсуф эътиқод надоранд. Як вақтҳо Бозор Собир, Табаралӣ Зиёев, Ҳабибулло Абдуразззоқов ва дигарон гули сари сабад буданд имрӯз онҳоро шахси хиёнаткори ҳизбӣ мешуморанд».
Ва «Тоҷикистон аз нишасти хабарии нахустини раиси ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон пас аз маризӣ хабаре нашр карда ва «Орзуҳои марворидии Раҳматулло Зоиров» ном гузоштааст. Нашрия менависад: «Раҳматулло Зоиров, бо вуҷуди донандаи хуби қонун буданаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон»-ро ба хотири ду забон гум карда ва зери пой гузошт ва изҳор дошт, ки президенти кунунӣ ҳуқуқи номзадиашро ба мансаби президенти оянда гузоштан надорад».
Вале «Факти и комментарий» дар мавриди маризии Раҳматулло Зоиров ба истинод ба гутаи худи ӯ навиштааст, «табибон мегуфтанд дар бемории манн таъсири беруна ҷой дорад, аммо инро исбот кардан душвор аст. Ба ҳар ҳол ҳоло бисёр паҳлӯҳо равшан гардиданд»
Ва ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ростои шурӯи соли нави таҳсил вазъи соҳаи маорифи кишварро ба таҳлил кашида менависад: «Қисме донишҷӯён мисли ҳамон макотиби деҳот қисмеашон барои идомаи таҳсилашон то як соли дигар ба Русия рафта кор карданд, қисми камашон дар лаби дарёи Варзобу дараи Ромит ва як қисмашон дар зери офтоби сӯзон, ки имсол ба тақдирашон хеле гарм омад, дар «маршировка» гузаронданд. Онҳо рӯзи донишро дар «маршировка» қайд мекунанд. Рӯзи дониши онҳо 11 сентябр сар мешавад на якуми сентябр».
Ва ин дар ҳолест, ки якуми сентябр нашрияи "Миллат" яксола мешавад. Дар зимн ин нашрия назари мардум олимон, хабарнигорон ва сиёсатмадорон дар мавриди нақши «Миллат» ҳамчун рӯзномаро ба нашр расонида ва низ худ хулоса кардааст «Агар фарз ба ин бошад, ки матбуот «оинаи зиндагист» пас талоши мо бар ин буда, ки «Миллат» оинаи қаднамо бошад. Табиист, ки дар оина касе худро зебо ва касе сурати худро зишт мебинад, агар сурати касе ба худаш писанд наомад, оинаро набояд шикаст, зеро айб дар сурат аст, на дар оина."
XS
SM
MD
LG