Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Узбакистон ба ҳалли масъалаи раводид бовар дорад


Шоҳқосим Шоҳисломов - сафири Узбакистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ба зудӣ мушкили раводид миёни кишвараш ва Тоҷикистон ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки тарафи Тоҷикистон Тошкандро барои лағв накардани режими раводид пас аз узвияти Узбакистон дар Ҷомеъаи ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё зери танқид гирифтааст.


Ҷаноби Шоҳисломов гуфт:


"Ба назари ман ҳар давлат масъалаи раводидро бо дарназардошти манофеъ ва амнияти худ баррасӣ мекунад. Аммо чун Узбакистон узви ЕвразЭС шудааст, ин масъала ҳал хоҳад шуд. Бо ҳам бишинем, мавзӯъро баҳс кунем ва як роҳи мувофиқро пайдо кунем. Ман имкони комил дорам, ки ин мавузӯъ дар ниҳоят ҳал хоҳад шуд."


Ахиран Ӯзбакистон ба сафари думоҳаи шаҳрвандони Қирғизистон ба Ӯзбакистон бидуни раводид иҷоза дод.
XS
SM
MD
LG