Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Наҷиб Маҳфуз


Барандаи Ҷоизаи Нобел дар синни 95 - солагӣ дунёро падруд гуфт

Наҷиб Маҳфуз, нависандаи маъруфи мисрӣ ва барандаи ҷоизаи адабиёти Нобел дар синни 95 - солагӣ дар як маризхонаи шаҳри Қоҳира аз дунё чашм пӯшид.

Наҷиб Маҳфуз, муаллифи беш аз чил асар дар соли 1988 барои «Сегонаи Қоҳира»-и худ, ки ҳаёти пойтахти Мисрро бозгӯ ва тасвир карда буд, ҷоизаи Нобел гирифт ва то имрӯз танҳо арабест, ки барандаи ин ҷоиза шудааст. Ҷоизаи Нобел ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овард, аммо қабл аз ин ҳам Наҷиб Маҳфуз яке аз нависандаҳои маъруфтарини Ховари Миёна гашта буд.

Наҷиб Маҳфуз соли 1911 дар Қоҳира таваллуд шуда ва соли 1934 факултаи фалсафаи Донишгоҳи Қоҳираро хатм кардааст. «Боди ҷунун» ва «Бозиҳои тақдир» аз аввалин навиштаҳои нависанда буд, ки ҳанӯз қабл аз шурӯъи Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ навишта буд. «Қоҳираи нав», «Кӯчаи Миддак», «Ибтидо ва интиҳо», «Нури Худо» аз маъруфтарин осори дигари нависанда мебошанд.

Нависанда моҳи июл пас аз он ки афтида ва сарашро лат дода буд, дар маризхона ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG