Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқоти байнулмилалӣ


Мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаи бокс бахшида ба ҷашни 15-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба поён расид.

Бино ба иттилоъи Абдурашид Муҳаммадҷонов, довари ин мусобиқот дар рақобатҳо 140 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва Русия ширкат варзиданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ панҷ варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Маллаев (48 килограмм), Маъруф Файзуллоев (60 кг), Рустам Раҳмонов (64 кг), Мирҷалол Ғиёсов (69 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (81 кг) мақоми аввалро касб карданд. Се варзишкори эронӣ - Иршоди Рӯҳбахшиён (дар вазни 54 килограмм), Алӣ Мазоҳирӣ (91 кг) ва Ёсим Диловарӣ (беш аз 91 кг) ва се муштзани қирғиз - Абдуллоев ( 51 кг), Бакиров (57 кг) ва Хабиров (75 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳон Қурбонов, қаҳрамони Осиё беҳтарин муштзан ва намояндаи Эрон Бобаки Бурдбор беҳтарин довари ин мусобиқоти байнулмилалӣ эътироф шуда, бо ҷоизаҳои махсус сарфароз гаштанд.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар бозии даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард, бо 31 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифтааст.
Дастаи «Хима»-и Душанбе, ки аз тими меҳмон - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд, бо 30 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи дуввум фуромад. «Регар» ТадАЗ бо 28 имтиёз дар ҷойгоҳи севвум аст. Дар як бозии дигар CКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG