Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи интернетии тоза дар бораи Тоҷикистон


Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет як сомонаи ҷадиди хабарию иттилоъотӣ дар бораи Тоҷикистон боз шудааст. Дар сафҳае, ки унвонаш Ориёно (Ariana)-ст, матолибе аз ҷаҳони сиёсату иқтисод ва иҷтимоъиёти Тоҷикистон нашр шудааст.


Бархе аз ин матолиб аз ҳаёти, ба истилоҳ, пасипардагӣ ва ё маҳрамонаи афроди маъруфи Тоҷикистон аст. Дар нимрӯзи сешанбе (29 август) матлаби аслии он маълумотномае дар бораи Ҳасан Саъдуллоев, мудири Ориёнбонки Тоҷикистон аст. Рӯи ин сафҳа ҳамчунин як пурсиш дида мешавад: "Чи касе ба эҳтимоли зиёд ҷойгузини Раҳмонов хоҳад шуд?»


Сомонаи Ориёно матолиби худро дар бахшҳои вижа, ба монанди «Раисиҷумҳурӣ ва хонавода», «Давлат ва кодрҳо», «Шоеъот ва ҷанҷолҳо», «Аҳзоб ва мухолифон» ва «Бозаргонӣ ва тарҳҳо» ҷой додааст.
XS
SM
MD
LG