Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳбате бебаҳона аз зан


Дар он рӯз ҳама якбора мутаваҷҷеҳи ҷойгоҳи зан дар ҷомеъа, аҳамияти зан, меҳри модару хоҳар ва ҳамсар мешаванд, вале маъмулан ин эҳсосоти зебо ва андешаҳои накӯ дар бораи зан фардои он рӯз пар-пар мешавад, яъне аз ёдҳо меравад. Аз рӯзи 9 март то ба як соли дигар меъёру милоки арзёбии як зан ин аст, ки то чи андоза ӯ хидматкор аст ва истилоҳи "аҷаб зани хидматкори хубе" ҳокӣ аз ҳамин ҳақиқат аст. Албатта, дар ин маврид ҳам дар ҷомеъаи Тоҷикистон истисноҳое вуҷуд дорад, ки ба наҳве ин қоъидаро таъйид мекунад. Ҳоло мо ин суннатро мешиканем ва дар рӯзе аз зан ва ба вижа зани тоҷик суҳбат мекунем, ки ҳич муносибати хоссе ба зан надорад.

Тарси Толстой аз занон

"Горкий ва Чехов, адибони барҷастаи рус, дар Крима роҳ мерафтанд. Толстойро диданд, ки канори соҳил нишаста ва сар дар ҷайби тафаккур чунон фурӯ бурда, ки гуфтӣ, бо риши анбӯҳи худ мехоҳад регҳои соҳилро ҷорӯб кунад. Он ду низ дар канори ӯ нишастанд ва шурӯъ карданд ба суҳбат дар бораи занон. Толстой муддате хомӯш монд ва ба суханони он ду гӯш кард. Баъд ногаҳон сар бароварду гуфт:

"Ман ҳақиқатро дар бораи занон фақат ҳангоме хоҳам гуфт, ки то лаби гӯр як қадам бештар фосила надошта бошам. Он гоҳ ҳақиқатро мегӯям ва даруни тобут хоҳам рафт ва сарпӯши онро хоҳам гузошт ва хоҳам гуфт: "Акнун дигар ҳар чи мехоҳед, бо ман бикунед."

Ин достонро Максим Горкий дар китоби "Ёде аз Толстой" таъриф кардааст. Идомаи достонро мо медонем, ки Толстой ин орзуро бо худаш ба гӯр бурд, чун ҳангоми маргаш зане дар канораш набуд, ки ҳақиқати ӯро бишнавад. Солҳо пеш аз он ӯ аз зани худ ҷудо шуда буд ва ҳашт сол пас аз маргаш зани собиқи ӯ навишт:

"Ман бо Лев Николаевич Толстой 48 сол зиндагӣ кардам, аммо ҳаргиз дар воқеъ нафаҳмидам, ки ӯ чи марде буд."

Пас ин сӯъитафоҳум дутарафа буд ва намунаи чизе, ки Вил Дуронт, хирадманди омрикоӣ, "ҷанги миёни марду зан" унвон кардааст. Аммо ҳамин мард менависад:

"Дар буҳрони таваллуд ё зоймони зан мард бо даступочагӣ ва ҳайрат дар канори зан меистад ва саранҷом ба ҳақорат ва ғайризарурӣ будани ҳастии худ дар паҳнаи рушди навъи башар пай мебарад. Дар ин лаҳза аст, ки мефаҳмад, зан аз ӯ ба навъи башар наздиктар ва вобастатар аст ва ҷараёни азими ҳаёт дар вуҷуди зан аст ва хилқат аз хун ва ҷисми ӯст ва ба тадриҷ дармеёбад, ки чаро ақвоми ибтидоӣ ва динҳои бузург модариро мепарастиданд."

Хунсард бошед

Аз ҳамин ҷое, ки нишастаам, чандин садои эътирозро эҳсос мекунам, ки умдатан аз мардҳо ва ба вижа дар ҷомеъаҳои осиёӣ баланд мешавад. Дар Ғарб шояд ба зудӣ авзоъ ба андозае тағйир кунад, ки ҷунбишҳои мубориза бо хушунат алайҳи мардон роҳ биуфтад, чун ҷойгоҳи зан дигар он чизе нест, ки чанд даҳсола пеш буд. Инқилоби санъатии Ғарб вазъияти ҳуқуқии занро ҳам дигаргун кард ва ҳамин чанд рӯз пеш Омрико аз ҳаштоду шашумин солгарди эътои ҳаққи раъйдиҳӣ ба зан таҷлил кард. Яъне 86 сол пеш зани омрикоӣ ҳаққи раъй надошт ва имрӯз вазири хориҷаи он кишвар як зан аст.

Албатта, дар Ғарб ҳам мушкилоте дар ин замина ҳаст, ки ба ин барномаи мо хеле марбут намешавад. Ва шояд муқоисаи мушкилоти занони Ғарб дар баробари мушкилоти як зани тоҷик ба муқоисаи нахуд бо харбуза бимонад.

Вале оё...?

Ва ин суол ҳам матраҳ аст: оё шоиста аст, ки арзишҳои иҷтимоъии Ғарб дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳам ба таври тамому комил пиёда шавад? Ба ин мавзӯъ дар барнома пардохтаем; дар гуфтугӯҳое бо як зани шарқии тозаворид дар Ғарб ва як бону дар Душанбе. Суҳбате ҳам дорем бо касе, ки шояд битавон ба унвони намод ё симбули озодии зан дар Тоҷикистон аз ӯ ном бурд. Ин тасмиме нест, ки банда гирифта бошам. Дар натиҷаи раъйгирӣ аз ҳамкоронам дар Озодӣ гуфтугӯе ҳам пахш шуд бо он бону. Бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми қобили мулоҳизаи суҳбат онро мегузорам барои баъд; яъне яке-ду рӯзи дигар матни комили он гуфтугӯ дар ҳамин гӯшаи сомонаи ozodi.org пайдо хоҳад шуд.

То он замон лутфан назароти худро дар бораи ҷойгоҳи зан дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва навиштаҳои боло ба нишонии tajik@rferl.org бифиристед. Ҳамаи назарҳо муҳтарам аст ва ҳич як канор нахоҳад монд.

То яке-ду рӯзи дигар боз ҳам ҳамин ҷо мебинаматон. Мувозиби худатон бошед ва падруд.
XS
SM
MD
LG