Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Муродов: "Фарзанди ман ба роҳи "Шашмақом" бар хоҳад гашт"


Радиои Озодӣ: Шумо як устоди "Шашмақом"-ед, вале фарзанди хурди шумо Ҷонибек, ки низ роҳи ҳунарро пеш гирифтааст, дар гурӯҳи "Вазир" таронаҳои эстрадӣ мехонад. Чаро?

Ҷӯрабек Муродов: Ин ҷангу ин ҷанҷол, ки дар Тоҷикистон гузашт, бисёр арзишҳоро шикаст, бисёри ҳунармандон аз Тоҷикистон рафтанд, хелеаш вафот карданд, ин ҳамаро тоқат карда натавониста. Як фазои холӣ монд ва ҷавонон аз ин шароит ба хубӣ истифода бурда тавонистанд. Эстрада, албатта, як кори бисёр хубу аммо бисёр чизҳои паст ҳам вориди ҳунар шуд - шеърҳои паст, оҳангҳои паст. Ва аммо шукри Худо, ки акнун ҳама чиз кам-кам ҷобаҷо шуда истодааст. Дар он солҳои ҷанг консертҳои ҳофизони мардумӣ камтар шуд. Як бахши шунавандагони мо Русия мардикорӣ рафтанд, мардуми калонсол аз консерт рафтан монд, пул ҳам набуд. Мардуме, ки консерт мерафт, фақат ҷавонони 14, 15 ва 16-сола буданд ва эстрада дар ҳамин вақт қуввати сахт гирифт. Он вақт писари ман Ҷонибек агар "Шашмақом" мехонд, намешуд. Ӯ аз эстрада сар кард, вале Худо хоҳад, оҳиста-оҳиста ба роҳи "Шашмақом" хоҳад гузашт.

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, байни шумо баҳсҳо баъзан ба андозае ҳам тезутунд мешаванд, ки Ҷонибек баъзан ҳатто таънаатон ҳам мекунад, ки сабки хондани эстрадии ӯ мӯдтар аст назар ба он чӣ ки Шумо мехонед. Дуруст аст?

Ҷӯрабек Муродов:Доштем, бале , мо чунин баҳсҳо доштем. Ман баҳс мекунам вақте, дуруст гуфтам, бачаам, ин мӯд аст. Гуфтам , мӯд зуд иваз мешавад, вале хонданҳои мо классикист ва ҳеҷ гоҳ иваз намешавад. Ӯ пештар ба ҳарфҳои ман розӣ намешуд, ҳоло розист.

Радиои Озодӣ:Ва Ҷононбек оё тарбияи мусиқии классикӣ дорад?

Ҷӯрабек Муродов: Албатта, дорад! Ман ҳар рӯз вақте дар хона ва ё ҳамроҳ бо гурӯҳи "Шашмақом" тамрин мекунам, ҳамаи ин барои вай дарс аст. Ҳамаи фарзандони ман аз "Шашмақом" бохабаранд. Ҷонибек, ки пеш дар гурӯҳи эстрадии "Боло" буд ва акнун дар гурӯҳи "Вазир" овоз мехонад, низ "Шашмақом"-ро машқ мекунад. Аз кӯдакиаш машқҳои маро мешунид ва ба гӯшаш медаромад. "Шашмақом" дар хуни онҳо ҷой шудааст.

Радиои Озодӣ:Ва агар ин фарзанди Шумо ба хондани "Шашмақом" пардозад, дурнамои ӯро дарин навъи хондан ҳамчун як устоди "Шашмақом" чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ҷӯрабек Муродов:Дар ин маврид як чиз фақат гуфта метавонам: Дунё ба умед. Ҳозир ман ӯро мусиқии "Шашмақом" хон гуфта маҷбур карда наметавонам, чунки дар ҳоли ҳозир ҳама ҳавасу шавқу ишқи ӯ ба хондани эстрадист. Аммо ман оҳиста-оҳиста ба ӯ мефаҳмонам, ки мӯди гуфтагиат дуруст аст, вале мӯд зуд иваз мешавад, вале классика як умр классика хоҳад монд. Ҳозир вай ҳамагӣ 20 сол дорад. Дар 20-солагиам ман ҳам Шашмақом намехондам. Сурудҳои ҷавонӣ мехондам. Масалан вақте дар байни донишҷӯён "Ҷон,ҷон, ҷон" гуфта мехондам, ҳамаи толор ба шӯр меомад.
XS
SM
MD
LG