Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳабо ба «Сайри харбуза»!


Субҳи шанбеи 26 август дар масофаи тақрибан 2 километр дар хиёбони Исмоили Сомонии Душанбе, ки марказии пойтахтро бо атрофи он мепайвандад, ҳаракати нақлиёт боздошта шуд ва дар ин ин ҷо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва мева ҳамчунин чандин намуди асал аз навоҳии мухталифи кишвар ба маъраз гузошта шуд.

Ҳоҷӣ Аҳмад Шарифов, як асалпарвар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, асалрпарварони ноҳияи онҳо ба ин намоишгоҳ беш аз 5 тонн асал овардаанд ва онро бо қимати камтарин, ҳудудан 8 сомонӣ барои як кило ба фурӯш гузоштанд. Мусоҳиби мо мегӯяд ин дар ҳолест, ки асал феълан дар бозор аз 10 то 15 сомонӣ нарх дорад. Ҳоҷӣ Аҳмад Шарифов мегӯяд:

"Ҳукумат ёрдам кард, мошин дод, омадем, ба мардуми пойтахт мехоҳем маҳсулоти хубро пешниҳод кунем. Ман ба фарзандонам ва 50 нафар шогирдон касби асалпарвариро омӯхтаам. Ман 200 оила занбӯр дорам ва ҳар сол 2-3 тонна асал мегирам".

Як ширкатдори намоишгоҳи мазбур аз шаҳри Норак, ки худро Зафар Ибодов муаррифӣ кард, мегӯяд харбузаи Норак бо таъми ширин ва витаминҳои зиёдаш аз харбузаҳои манотиқи дигари Тоҷикистон ба куллӣ фарқ мекунад.
"Норак, ки иқлими гарм дорад,харбузааш аз дигар ҷойҳо ширинтар ва сервитаминтар аст".
Бархе аз сокинони пойтахт мегӯянд, воқеан нархи анвои кишоварзӣ, бахусус харбузаву тарбуз ва асал дар ин намоишгоҳ нисбат ба бозор то андозае арзон аст, аммо бино ба мушкилоти роҳу нақлиёт, ки ин намоишгоҳ эҷод кардааст, наметавонанд беш аз 2 ё 3 кило харид кунанд.

Як мусоҳиби мо мегӯяд:
"Хуб аст, ки ин хел маъракаҳо ташкил мекунад, аммо фикр намекунанд, ки вақте роҳу нақлиёт нест, мардум аз ин ҷо харид карда чӣ хел мебаранд? Масалан, ман 1 харбуза гирифтам, пушаймонам, мехоҳам онро баргардонам. Чунки дар ин ҳавои гарм то Гипрозем чӣ хел меравам? Намедонам. Роҳро бастаанд, автобусу маршруткаҳо намегарданд".

Мусоҳиби дигари мо аз Душанбе, ки худро Сайрам Обидова муаррифӣ кард, мегӯяд қасд доштааст, ки аз ин намоишгоҳ баъзе намудҳои сабзаҷот, аз қабили картошка ва пиёзро барои зимистон захира кунад. Аммо мегӯяд, нархи маҳсулот дар ин намоишгоҳ аз бозор зиёд фарқ намекунад:

"Дар телевизору радио эълон карданд, ки нархи маҳсулот арзон мешавад, аммо омада дидем, ки аз бозор кам фарқ мекунад. Ман беҳтараш наздиктар аз бозори назди хонаам харид мекунам".

Ва аммо бино ба мушоҳидаҳои мо, дар оғоз маҳсулоти ба намоишгоҳ овардашуда бо нархи чанд баробар арзонтар аз нархи бозор ба савдо гузошта шуд, аммо дар соатҳои наздики зӯҳр, бо зиёд шудани муштариҳо ва замоне, ки масъулини ҳукумат ва намояндагони васоити ахбори умум ин намишгоҳро тарк карданд, арзиши нархи меваҷот ва асал ду- се маротиба зиёд шуд. Яъне агар харбуза дар оғози рӯз 2 то 5 сомонӣ арзиш дошта бошад, дар нимаи дуюми рӯз бо қимати 3 то 7 сомонӣ ва як кило асал дар ҳудуди 10-15 сомонӣ ба фуруш гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG