Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шашмақом"-и Олим Бобоев


Овозхони шинохташудаи тоҷик, барандаи ҷоизаҳои ҷашнвораи "Таронаҳои Шарқ" Олим Бобоев мегӯяд, мусиқии "Шашмақом" ба сари худ мушкиле надорад, вале овозхонҳое ки мехоҳанд, ин ҳунари бостониро пеша кунанд, бо мушкил рӯбарӯянд. Аз як сӯ риояи ҳамаи нозукиҳои ин мусиқӣ сангин аст ва аз сӯи дигар шунидани он омодагии махсуси шунавандаро тақозо мекунад. Вай орзу дорад, рӯзе ҳамаи гӯшаҳои "Шашмақом"-ро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро кунад. Вай бовар дорад, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш "Шашмақом" метавонад, ба мусиқии ирфонӣ ё классикии Ғарб дасту панҷа нарм кунад.

Барои шунидани ин гуфтугӯи ихтисосӣ ва як таронаи Олим Бобоев рамзи радиоро дар паҳлуи сарлавҳа "ангушт" занед.
XS
SM
MD
LG