Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико посухи Иронро номувофиқ медонад


Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, посухи расмии Ирон ба бастаи имтиёзҳои пешниҳодии кишварҳои ғарбӣ, ба шароите, ки Шӯрои Амният барои Ирон таъйин кардааст, мувофиқат намекунад.
Ирон рӯзи сешанбе (22 август) гуфт, омодаи "музокироти ҷиддӣ" доир ба ин пешниҳодот аст, ки ҳадаф аз он моил кардани Ирон ба даст кашидан аз фаъолиятҳои ғанисозии уран мебошад.


Аммо сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико хонум Дана Перино дар вокуниш ба ин гуфт:
"Мо фикр мекунем, ки ҳукумати Ирон посухи худро ба унвони пешниҳоди ҷиддӣ матраҳ кардааст ва мо онро баррасӣ хоҳем кард. Ба ҳар ҳол ин посух ба шароите, ки Шӯрои Амният барои Ирон таъйин кардааст, мувофиқат намекунад, шароите, ки хоҳони таълиқи барномаҳои ғанисозии уран, фаровардаҳои вобаста ба он ва фанновариҳои ҳастаӣ ба сурати таъйидпазир будааст."


Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин мегӯяд, ки онҳо аз наздик бо тамоми аъзои Шӯрои Амният дар бораи иқдомоти баъдӣ сӯҳбат мекунанд. Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи чоршанбе бо Кофӣ Анон - дабири кулли Созмони Милал, ки қарор аст, рӯзҳои наздик ба Ирон биравад, доир ба посухи Ирон гуфтугу кард. Созмони Милал аз Ирон мехоҳад, то фаъолиятҳои ғанисозии уранро то рӯзи панҷшанбеи оянда 31 август мутаввақиф кунад.
XS
SM
MD
LG