Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути ҳавопаймо 'се шаҳрванди Тоҷикистон ҷон додаанд'


Ба гузориши сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои Русия дар шаҳри Донетски Укроин, ки рӯзи сешанбе (22 август) иттифоқ уфтод, се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ кушта шудаанд.


Бино ба гузоришҳо, бар асари суқути ин ҳавопаймо тамоми 170 сарнишини он ҷон додаанд.


Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар гуфтугӯ бо ozodi.org гуфт:


"Бино ба иттилоъи муқаддамотие, ки сафорати Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, дар ин ҳодиса се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Ин ахбор ҳанӯз хеле дақиқ нест ва сафорат аз ниҳодҳои марбута, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул ҳастанд, дархости расмӣ фиристодааст, то дар бораи ҳуввияти шаҳрвандони тоҷики кушташуда иттилоъи дақиқ бидиҳанд."


Давлати Укроин ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни ин ҳодиса имрӯз (23 август)-ро рӯзи сӯги миллӣ эълом кардааст.


Дар ҳамин ҳол гузориш шудааст, ки бозрасон дар маҳалли ҳодиса дар шаҳри Донетски Укроин "ҷаъбаи сиёҳ"-и ҳавопайморо пайдо кардаанд, ки ҳовии забти гуфтугӯҳо миёни халабонон ва маркази кунтрули трофики ҳавоист.


Игор Левитин, вазири ҳамлу нақли Русия дар як нишасти хабарӣ дар ин бора гуфт:


"Ҳамаи тамосҳои савтӣ миёни маркази кунтрули трофики ҳавоӣ ва хадамаи ҳавопаймо забт шудааст ва акнун дар ихтиёри гурӯҳи бозрасии ҳодиса қарор дорад."


Ширкати ҳавопаймоии Пулковои Русия, соҳиби ҳавопаймо гуфт, ки дар миёни мусофирон 45 кӯдак низ будаанд. Иллатҳои дақиқи садамаро ҳанӯз нагуфтаанд, аммо як сухангӯи вазорати изтирории Укроин гуфт, халабонҳои ҳавопаймо ба маркази идораи парвозҳо хабар доданд, ки ҳангоми парвози ҳавопаймо дар баландии 10 ҳазор метр, дохили он оташ гирифтааст. Ин ҳавопаймо аз шаҳраки соҳилии Анапа дар ҷануби Русия ба шаҳри Санкт Петербург парвоз мекард.
XS
SM
MD
LG