Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисону футболбозон муҷозот шуданд


Дастаи «Хима»-и Душанбе, ки дар ду бозии аввали худ дар давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тимҳои меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 4 бар 1 ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард, дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифт.
Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода пас аз мағлубият дар меҳмонӣ аз СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 0 бар 1 дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи севвум фуромад. Дар ду бозии дигар CSКА-и Душанбе бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 1 ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бар дастаи мизбон - «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуданд.
Федеросиюни футболи Тоҷикистон муноқишаи миёни мухлисону футболбозон ҳангоми бозии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ - «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро мавриди баррасӣ қарор дод. Мирзо Маҳмадҷонов, муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин бозӣ, ки рӯзи 14 август дар варзишгоҳи ба номи Назар Назирови ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд, дар дақиқаи 63-юми рақобат ба иллати бенизомии мухлисони дастаи мизбон қатъ гардидааст. Бар асоси қарори кумиҷроияи федеросиюн дастаи «Олими Каримзод» бо ҳисоби 0 бар 3 мағлуб дониста, ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд. Ҳамчунин варзишгоҳи ноҳияи Мастчоҳ аз гузаронидани ду бозии тақвимии мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бо ширкати дастаи «Олими Каримзод» маҳрум гашт. Ҳамчунин бозигари «Хуҷанд» Шӯҳрат Шамсиев, ки бо мухлисон муноқиша карда, онҳоро ба бенизомӣ кашидааст, аз ҳаққи ширкат дар ду бозии навбатии мусобиқот маҳрум карда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шудааст.»
Оқои Маҳмадҷонов, ҳамчунин таъкид сохт, ки дар баргузор кардани ин бозӣ мақомоти ноҳияи Мастчоҳ саҳлангорӣ кардааст. Вале дар ҳамин ҳол ин ҳодисаи ногувор миёни мутахассисону кормандони соҳа сару садоҳои зиёде ба вуҷуд овардааст. Ҳамид Каримов, сармураббии тими «Хуҷанд» мегӯяд, варзишгоҳи ноҳияи Мастчоҳ аслан барои баргузории ин бозӣ омода набудааст. Ва аммо Алибек Амирбеков, раҳбари тими «Олими Каримзод» овозаҳоро дар мавриди он ки ин муноқиша дар ҷараёни бозии футбол дар заминаи маҳал ба вуқӯъ пайвастааст, бепоя хонд.
Ҳамчунин бар асоси қарори Федеросиюни футболи Тоҷикистон дастаи «Олими Каримзод» бояд ду бозии навбатии мусобиқоти қаҳрамонии кишварро дар майдони бетараф, ки аз ноҳияи Мастчоҳ дар масофаи на камтар аз 100 километр воқеъ аст, анҷом бидиҳад. Оқои Маҳмадҷонов, ҳамзамон хабар дод, Федеросиюни футболи Тоҷикистон бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Саройкамар»-и Панҷро, ки рӯзи 16 август дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и маркази вилояти Хатлон сурат гирифта, дар дақиқаи 56-ум қатъ шудааст, баррасӣ кард. Дар ин дидор дастаи меҳмон - «Саройкамар» ба иллати эътироз ба ҳукми сардовари бозӣ аз майдон худсарона берун шудааст. Бинобар ин «Саройкамар» бо натиҷаи 0 бар 3 мағлуб дониста, ба маблағи як ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 24 август
Б Ғ М Б Т И
1. «Хима» 13 9 3 1 33-12 30
2. «Вахш» 13 9 1 3 19-9 28
3. «Регар» ТадАЗ 13 8 1 4 28-10 25

4. «Парвоз» 11 8 1 2 18-10 25
5. СSKA 13 8 0 5 21-19 24
6. «Тоҷиктелеком» 13 6 1 6 20-18 19
7. «Хуҷанд» 12 5 3 4 15-13 18
8. «Саройкамар» 13 3 2 8 18-30 11
9. СКА «Помир» 13 2 4 7 12-23 10
10. «О.Каримзод» 12 2 3 7 13-18 9
11. «Ориёно» 13 2 3 8 13-25 9
12. «Динамо» 14 0 6 8 9-33 6

Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ бо 10 гол мисли пешин миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа дар ҷойи аввал аст. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» ва Сӯҳроб Ҳамидов, аз дастаи «Хима» ҳар кадом бо нӯҳ гол дар ҷойи дуввум мебошанд.
Бозиҳои навбатӣ:
24 август (панҷшанбе) - «Вахш» - «Парвоз»
25 август (ҷумъа) - «Хима» - «Регар» ТадАЗ, СКА «Помир» -«Саройкамар», «Динамо» - «Тоҷиктелеком»
30 август (чоршанбе) - «Динамо» - «Регар» ТадАЗ
XS
SM
MD
LG