Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷики захмишуда аз инфиҷори бозори Черкизово даргузашт


Намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки дар таркиши бозори Черкизово захмӣ шуда буд, аз ҷаҳон гузашт. Ҳоло боз 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористон буда, вазъи се нафари онҳо сахт аст. Аммо узви созмони "Тоҷикдаспора" Фотима Давлатова дар суҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, ки дар пайи инфиҷори субҳи рузи душанбе дар бозори Черкизовои шаҳри Маскав ҳамчунин 7 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бенишон шудаанд.

Бино ба охирин гузориши додситонии шаҳри Маскав дар пайи инфиҷори субҳи душанбе дар назди яке аз қаҳвахонаҳои бозори Черкизово дастикам 10 нафар кушта шуда, наздик ба 40 нафар захмӣ гардидаанд. Миллияти осебдидагон расман эълом нашудааст. Додситони шаҳри Маскав Юрий Семин гуфт: "Ба гумони ғолиб, инфиҷор дар заминаи рақобат байни тоҷирон ва ё гурӯҳҳои ҷиноӣ ташкил шудааст."

Додситонии Маскав ҳамчунин хабар додааст, ки бино ба бозрасиҳои муқаддамотӣ, маводи мунфаҷиршуда муъодили 1 килову 200 грамм тротил будааст. Дар робита ба инфиҷор дар бозори Черкизово, ки муҷиби ҳалокат ва осеб дидани нафарони зиёд шудааст, додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бино ба охирин хабари додситонӣ, дар робита ду нафар гумонбарон боздошт шудаанд.

Бозори Черкизово аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои шаҳри Маскав аст. Аксари фурӯшандагон ва дигар коргарони ин бозор атбоъи кишварҳои муштаракулманофеъ, Чин, Афғонистон ва Туркияву Ветнам мебошанд. Бино ба охирин омори интишордодаи созмони "Тоҷикдиаспора", дар бозори Черкизово ҳудудан 17 000 шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG