Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархурди тозаи Исроил ва Ҳизбуллоҳ


Рӯзи шанбе (19 август) чирикҳои Ҳизбуллоҳ бо нирӯҳои вижаи Исроил дар Лубнон даргир шуданд, ки дар натиҷа як сарбози исроилӣ кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.


Артиши Исроил гуфт, ки таковарон (десантҳо)-и он ба манзури "ҷилавгирӣ аз амалиёти теруристӣ алайҳи Исроил, ба вижа қочоқи аслиҳа аз Ирону Сурия барои Ҳизбуллоҳ" вориди Лубнон шуда буданд.


Артиши Исроил мегӯяд, ки ин нирӯ маъмурияти худро бо комгорӣ анҷом дод ва ин ки амалиёти мушобеҳ то замони истиқрори як нирӯи нозири 'корсоз' барои ҷилавгирӣ аз таҷдиди таслиҳоти Ҳизбуллоҳ иҷро хоҳад шуд.


Гузоришҳое бо истинод ба мақомоти номаълуми лубнонӣ менависад, ки дар ҷараёни ин ҳамла се чирики Ҳизбуллоҳ низ кушта шудаанд. Марк Регев, сухангӯи вазорати хориҷаи Исроил гуфт, ки паймони оташбаси зери назари Созмони Милал таъмини Ҳизбуллоҳ бо аслиҳаро манъ кардааст ва, ба гуфтаи вай, Исроил "ҳақ дорад аз асли таҳрими таслиҳотӣ (-и ин гурӯҳ) дифоъ кунад."
XS
SM
MD
LG