Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозот дар Хоруғ


Аз шаҳри Хоруғ хабар мерасад, ки маркази устони Бадахшони Тоҷикистон тайи ду рӯзи гузашта шоҳиди эътирозоте будааст.


Хабарҳои расида аз Хоруғ зидду нақиз аст. Тайи ду рӯзи гузашта иртибот бо телефунҳои ҳамроҳ ва заминии Бадахшон низ номумкин буд. Аммо он чи аз суҳбат бо шуморе аз рӯзноманигорон дар Хоруғ бармеояд, ин аст, ки барканории Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, сарҳанги кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб, маъруф ба Боқир, боъиси таҷаммуъи шумори зиёде аз мардум дар баробари сохтмони устондорӣ шудааст.


Муътаризон хостори истеъфои Алимаҳмад Ниёзмаҳмадов, устондори Бадахшон, шудаанд, ки бино бар ин гузоришҳо дастури барканории оқои Боқирро додааст. Бино бар ҳамин гузоришҳо, оқои Ниёзмаҳмадов дастури боздошти оқои Боқирро низ содир карда, аммо эътирозоти густардаи мардум тайи ду рӯзи гузашта монеъ аз боздошти ӯ шудааст.


Яке аз рӯзноманигорони маҳаллӣ дар Хоруғ, ки ба мулоҳизоти амниятӣ тарҷеҳ дод номаш пинҳон бимонад, дар гуфтугӯ бо Озодӣ гуфт:


"Тайи се рӯзи ахир вазъият дар Хоруғ ноором аст. Иллати аслии тазоҳурот дар баробари сохтмони устондорӣ ва идораи пулис барканории Боқир, аз фармондеҳони нирӯи марзбонӣ дар Мурғоб аст. Муътаризон хостори истеъфои Алимаҳмад Ниёзмаҳмадов шудаанд".


Аммо Қурбони Аламшоҳ, як рӯзноманигори дигар дар шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки тайи чанд рӯзи ахир дар он шаҳр набуда ва шаби 18 август ба Хоруғ баргаштааст ва дар тӯли рӯзи шанбе (19 август) дар сатҳи шаҳр ҳич чизи хориқулъодаеро мушоҳида накардааст. Вай афзуд, ки дар суҳбат бо мардум огоҳ шудааст, ки иддае аз мардум ба хабари барканории фармондеҳ Боқир, аз фармондеҳони мухолифони пешини давлат вокуниш нишон дода ва дар баробари сохтмони устондорӣ таҷаммуъ кардаанд.


Ozodi.org дар сурати касби ҷузъиёти бештар дар бораи эътирозот дар Хоруғ шуморо ҳатман дар ҷараён хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG