Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA - Федеросиюни байналмилалии футбол бо 200 имтиёз дар ҷойгоҳи 116-ум қарор дорад.
Мунтахаби Бразилия бо 1649 имтиёз мисли пешин миёни 204 кишвари ҷаҳон дар мақоми нахуст аст. Тимҳои миллии Итолиё бо 1550 имтиёз дар мақоми дуввум, Аргентина бо 1479 имтиёз дар мақоми севвум, Фаронса бо 1462 имтиёз дар мақоми чаҳорум, Инглистон бо 1434 имтиёз дар мақоми панҷум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарин Ҳулланд (1322 имтиёз), Испаниё (1309), Портуғол (1301), Олмон (1229) ва Ҷумҳурии Чех (1223) ҷойгир шудаанд.
Беҳтарин тими қораи Осиё - Австралия бо 708 имтиёз дар мақоми 37-ум қарор дорад. Эрон бо 639 имтиёз 2 зина болотар - ба ҷойгоҳи 45-ум баромадааст. Тими миллии Ҷопон бо 610 имтиёз дар ҷойгоҳи 48-ум мебошад. Дастаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо 574 имтиёз дар мақоми 52-юм ва тими миллии Узбакистон бо 564 имтиёз дар мақоми 54-ум қарор доранд. Тими миллии Қирғизистон бо 185 имтиёз мавқеашро 2 зина беҳтар кардааст - ҷойи 119-ум. Мунтахаби Қазоқистон бо 117 имтиёз 1 зина поинтар - ба ҷойи 141-ум, тими миллии Туркманистон бо 77 имтиёз 10 зина поинтар - ба ҷойи 158-ум ва дастаи Афғонистон бо 48 имтиёз 1 зина поинтар - ба ҷойи 174-ум фуромаданд.
Ҷойгоҳи дигар дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин аст: 15. Укроин (954 имтиёз). 33. Русия (733). 65. Литва (458). 69. Белорус (453). 73. Молдова (416). 78. Латвия (386). 78. Эстония (386). 84. Гурҷистон (359). 104. Арманистон (247). 106. Озарбойҷон (238).
XS
SM
MD
LG