Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи мактаб аз паҳлӯи масҷид мегузарад?


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар дар ин мизи гирд гуфт, феълан дар бархе аз минтақаҳо масоҷид ва имомхатибон дар амри боло бурдани мизони таълиму тарбияи ҷавонон ва атфол ба Вазорати маориф ёрии амалӣ мерасонанд. Аммо бо ин вуҷуд, афзуд вазири моариф, муассисаҳои динӣ ва ба вижа Кумитаи дин барои ҷалби толибилмону ҷавонони тоҷик ба илмомӯзӣ ва таҳсил дар мактабҳои миёнаву олӣ бо роҳи таблиғ метавонанд саҳми бештар гузоранд.
Ин даъвати вазири маориф дар ҳоле садо медиҳад, ки ба назари мақомот ва таҳлилгарон, дар ин авохир майли ҷавонон ба масоҷид ва улуми динӣ назар ба улуми дунявӣ афзоиш ёфтааст.
Баҳсҳо рӯи ин мавзӯъ дар чанд моҳи пеш дар пайи манъи пӯшиши сару либоси мазҳабӣ дар макотиби миёнаву олӣ ва дар масҷидҳо намозгузорӣ кардани наврасони зери синни 16 авҷ гирифт.
Иброҳим Усмонов муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ афзоиши таблиғот аз сӯи рӯҳониёнро дар тайи даҳсолаи охир аз илали аслии гаравидани ҷавонон ба омӯзиши дину мазҳаб медонад. Иброҳим Усмонов, ҳамчунин бо ҳимоят аз қарори манъи пӯшиши ҳиҷоб дар макотиб аз давраҳои устодии худ дар донишгоҳ ёдовар шуда гуфт, ки ӯ низ донишҷӯёни ҳиҷобпӯшро аз синфхонаҳо берун мекард
Ин дар ҳолест, ки Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, рӯ овардан ба таълимоти динӣ барои наврасону ҷавонон аз манфиат холӣ нест. Аммо пурсишҳои барномаи Ояндасоз нишон медиҳанд, ки ҷавонони тоҷик ҳарду масъала - ҳам омӯхтани улуми дунявӣ ва ҳам гиромӣ доштани арзишҳои мазҳабиро барои худ муҳим мешуморанд.
XS
SM
MD
LG