Дастаи мунтахаби занони камонвари Тоҷикистон дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Қазоқистон соҳиби медоли биринҷӣ гардид. Ин мусобиқа бо ширкати 12 тими се кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Талдиқӯрғони Қазоқистон баргузор шуд. Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон ва иҷрокунандаи мақоми раиси Федеросиюни камонварии ин кишвар ба радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби бонувон дар ҳайати Фирӯза Зубайдова, Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо пас аз ду дастаи мизбонон мақоми севвумро касб кард. Хонум Набиева афзуд, тими бонувони камонвари тоҷик қабл аз мусобиқаи шаҳри Талдиқӯрғон дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи хотираи қаҳрамони ҷаҳон Вадим Шикарев дар шаҳри Алмаато ғолиб омада, бо медоли тилло сарфароз гаштааст.
Камонвари ҷавони тоҷик Фотима Тағоева, барандаи ҷоизаи махсуси мусобиқот "Барои ҷасорат" зимни сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт: «Ману хоҳарам Зӯҳро дар Донишкадаи варзиши Тоҷикистон таҳсил мекунем. Ва ду сол инҷониб бо камонварӣ машғулем. Ба ҷуз Қазоқистон дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар Туркия ва Эрон ширкат карда, таҷоруби хуб касб кардаем. Ман орзу дорам, ки ба мисли камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова қаҳрамони ҷаҳону ҷоизадори олимпӣ шавам.»
Ширкати комгори бонувони камонвари тоҷик дар ду мусобиқаи байнулмилалӣ дар Қазоқистон, ба назари коршиносон, заминаи хубест барои ба даст овардани натоиҷи назаррас дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар.