Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзаи мавъуди барқарории оташбас фаро расид


Соъати даҳи пеш аз нимрӯз ба вақти Душанбе муқаррароти оташбаси зери назари Созмони Милал дар ҷануби Лубнон эьмол шуд, аммо даргириҳои пароканда миёни нирӯҳои Исроил ва чирикҳои Ҳизбуллоҳ дар нуқоте аз минтақа ҳамчунон идома дорад. Шуморе аз мардуми фирории ҷануби Лубнон дар ҳоли бозгашт ба хонаҳои собиқашонанд, ки умдатан вайрон шудааст.


Набардҳо миёни ду тарафи даргир рӯзи якшанбе низ ба шиддат ҷараён дошт, ки дар натиҷа аз марги панҷ сарбози исроилӣ дар ҷануби Лубнон гузориш шуд. Ҳамчунин аз марги беш аз 20 нафар дар Лубнон зери ҳамалоти исроилӣ гузориш мешавад. Ин дар ҳолест, ки Ҳизбуллоҳ беш аз 250 мӯшаки дигарро ба шимоли Исроил партоб кард, ки ба марги як мард анҷомид.


Давлати Лубнон мегӯяд, ки то кунун шаш кишвар мувофиқат кардаанд, ки сарбозони худро барои таҳкими нирӯи Созмони Милал дар он кишвар бифиристанд. Ин нирӯҳо дар паи барқарории оташбас масъули ҳифзи сулҳу субот дар ҷануби Лубнон хоҳанд буд. Дар баёнияи давлати Лубнон омадааст, ки Марокаш, Индунезӣ, итолиё, Туркия, Испониё ва Молезӣ қавл додаанд, ки дар сурати пазириши ҳамаи ҳизбҳои Лубнон нирӯҳои худро ба он кишвар гусел кунанд.
XS
SM
MD
LG