Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ - раҳбари ҲНИТ


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.

Салом, бародари азиз, Муҳиддини Кабирӣ. Дӯстонатон дар ҲНИТ бо интихоби шумо кори бузурге анҷом доданд, вале инро ман бароятон табрик намегӯям. Зеро қабули ин масъулияти сангин, он ҳам дар шароите, ки ҷаҳони куфр ба шиддат ба дунболи бадном кардани гурӯҳҳои исломист ҷои табрик надорад ва шумо ҳам, ки ин масъулиятро пазируфтед, даст ба кори бузург ва хатарноке задед. Ин ҳамон амонатест, ки тибқи ривояти Қуръон кӯҳ аз қабули он сар печид, вале инсон қабулаш кард. Ва чи хуб ин достонро Хоҷаи Шероз ба назм даровард:
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи даҳр ба номи мани девона заданд.
Ин роҳе нест, ки дар сурати бетаваҷҷуҳӣ ё камкорӣ, фақат зарари дунявӣ дошта бошад. Роҳест, ки сарнавишти мусалмонони воқеъии кишвар бо он сахт дар иртибот аст ва роҳест, ки сари ҳар қадам хатари лағзиш ва инҳироф вуҷуд дорад ва низ роҳест, ки барои ҳар ваҷабаш бояд назди Ӯи таборак ва таъоло ҷавоб гуфт. Ба шумо тавфиқу комёбӣ мехоҳам... Шумо ва ҲНИТ-и азизро ба Худо месупорам.
Хайрхоҳ
--------------------------------------------------------

Салом. Баъд аз даргузашти марҳум Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, фикр мекунам, вазъи ҲНИТ каме дигар хоҳад шуд. Устод дар ҲНИТ ҳамчун як шаҳсутуне буд, ки дар атрофи худ аъзои ҲНИТ-ро, ки фикру ақидаҳои мухталиф доранд, ҷамъ намуда буд. Бовар дорам, ки муҳтарам бародар Кабирӣ бо ҳамкории мардуми заҳматкаши Тоҷикистон ватани азизамонро ба сӯи роҳи нек рохнамоӣ мекунанд.
Мирсаид, МБА, муҳаққиқ ва донишомӯзи Тоҷикистон
--------------------------------------------------------

Салом, ҳамватанон! Қабл аз он ки ба изҳори назар пардозам, бояд гӯям, ки мутаъаллиқ ба ҳич ҳизби сиёсӣ набудаму нестам. Аммо чун як фарди огоҳи ҷомеъаи Тоҷикистон дар баҳси он ки "оё Муҳиддин Кабирӣ метавонад ду чиноҳи Ҳизби Наҳзатро ба ҳам оварад ва садрнишини раёсати олии он бошад?", мехоҳам бигӯям, ки дар ҳоли феълӣ чун Кабирӣ нафари дигаре наметавонад садоратро ба дӯш бигирад. Зеро дар ҳоли ҳозир, ки афкори мухталиф кулли ҷомеъаи сиёсии кишварро фаро гирифтааст, пас аз марги Нурӣ Ҳизби Наҳзат бо парокандагӣ мувоҷеҳ шудан дорад. Ва дар ин ҳол танҳо Кабирӣ метавонад садди роҳи ин парокандагӣ шавад.
Меҳрубони Додгустар, Боткани Қирғизистон
--------------------------------------------------------

Нисбати устод Кабирӣ гуфтаниам, ки иншоаллоҳ метавонад якпорчагии ҳизбро ҳифз карда, роҳи паймудаи устодро пеш барад. Ин гуфтаҳоямро бо чанд далел метавонам тақвият бахшам:
1. Устод Кабирӣ ва ашхоси дигаре, ки имрӯз дар раёсати ҳизбанд, ҳама аз мадрасаи устоди бузург сабақ омӯхтаанд ва тарбияти ҳамаҷониба дидаанд.
2. Вуҷуди дигар шахсияти бомаърифат, устод Муҳамадшарифи Ҳимматзода аз қобили истифода аст, ки иншоаллоҳ аз тавҷеҳоти ишон мустафид шуда, роҳро идома хоҳад дод.
3. Устод Нурӣ дар ҳаёташ устод Кабириро ба ин мақом пешбарӣ карда буданд ва ӯ, албатта, дар ин шахс тавоноиеро дида буданд, ки ӯро сазовори ин мансаби бузург диданд.
4. Чуноне ки ба ҳама маълум аст, устод Нурӣ тайи чанд соли ахир дучори беморӣ буданд ва дар ин асно устод Кабирӣ ва дигар ҷонбозони ҳизб тавонистанд ин ҳизбро бо муваффақият пеш баранд.
Муҳаммади Шукур
--------------------------------------------------------

Ассалом. Фикр мекунам, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз Тоҷикистон аст ва Тоҷикистон аз ҳизб. Ҳар ду барои пешрафти давлату миллатанд. Устод Нурӣ намунае буданд. Мардум аз ӯ ҳаётро бо нозукиҳояш меомӯхтанд ва фикр мекунам, ки устод Кабирӣ бо шогирди наздики устод буданаш аз устод ҳаётро бо тамоми дороиаш, чи динӣ бошаду чи сиёсӣ, омӯхтааст. Агар устод нурӣ интихоб карда бошад устод Кабириро, пас интихоби устод Нурӣ барои ин вазифаи калон ҳаргиз наметавонад иштибоҳ бошад. Ин гуфтаро мо метавонем собит кунем бо аҳди кардаи устод Кабирӣ ва оянда хоҳад нишон дод. Тоҷикистон ҷумҳурии демократ ва соҳибистиқлол аст. Агар Тоҷикистон, воқеъан, демократӣ ва соҳибистиқлол бошад, пас ҳифзи тавозуни қудрат дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фикр намекунам чандон душвор бошад.
Мустафо, Қурғонтеппа
--------------------------------------------------------

Саломе чу бӯи хуши ошноӣ... Ҳоло ҲНИТ иборат аз ду ҷиноҳи муҳофизакор ва рӯшанфикр аст. Чи фарқ мекунад, ки онҳо зери як чатр бошанд ё ҷудо аз ҳам? Муҳим кору талоши ин ду ҷиноҳ аст барои як Тоҷикистони ободу пешрафтаву мутараққӣ ва ҳамзамон диндор. Ба назари ман, оқои Кабирӣ набояд ҳама энержиашро сарфи якпорча нигаҳ доштани ҲНИТ кунад, зеро ду дидгоҳи мутафовит, вақет хоста бошанд як барномаи муштарак иҷро кунанд, ҳатман бояд муроъотҳо ва гузаштҳои зиёдеро мутаҳаммил шаванд ва соъатҳо сари ҳар масъалаи кӯчаку бузург баҳсу баррасӣ кунанд. Ин ду ҷиноҳ метавонанд ду ҳизби мустақилли исломӣ дар Тоҷикистон бошанд, бо доштани мавзеъи интиқодгари муштарак дар баробари ҳукумат ва аммо дар барномаҳои дигар - ҳар кадому роҳи хеш. Бо умеди муваффақияти бештар барои ҷаноби Кабирӣ,
Ҳидоят
--------------------------------------------------------

Ба назари банда, устод Кабирӣ сазовори раҳбарии Ҳизби Наҳзат аст. Чунки ӯ шахси муносибатр баъд аз устод Нурӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчунин, вақте устод Нурӣ дар қайди ҳаёт буд, чандин дафъа раҳбарии ҳизбро ба ӯ вогузор карда буд. Аммо аз баски Ҳизби Наҳзат бештар иборат аз диндорони суннатӣ аст, беҳтар мешуд устод Кабирӣ як каме тағйирот дар шакли худ дарорад, то маҳалли эҳтиром қарор гирад.
Абдулваҳоби Салимшоҳ
--------------------------------------------------------

Ассалому алайкум. Аввалан, банда барои Устод Муҳиддини Кабирӣ дуъо мекунам, Худованд вайро дар иҷрои ин масъулияти сахт комёб гардонад. Дуввум ин ки ба фикри ман, баъд аз фавти устод Нурӣ (раҳматуллоҳ) чолишҳои воқеъӣ аз дохил ва хориҷи ҲНИТ дар интизори устод Муҳиддини Кабирӣ ҳастанд. Ва комёбии вай вобаста ба ҳаҷми ин чолишҳо ва аз ҳама муҳимтар, чигунагии бархурди вай бо ин чолишҳои дохилию хориҷӣ мебошад. Банда ҳамеша барояш дуъои муваффақият мекунам. Ва аз фурсат истифода бурда, мехоҳам барои устод Кабирӣ як қавли олими иҷтимоъӣ ва ёд орам ва он ҳам ин аст: раҳбари комёб дар ҳолатҳои фавқулъода ва сахт буруз мекунад. Банда умедворам, ки устод ин чолишҳоро дар исботи раҳбариаш ҳамчун фурсатҳои беназир истифода хоҳад кард.Ва Худованд қодиру тавоност.
Қосимӣ, Исломобод
--------------------------------------------------------

Ба номи худованди меҳрубон. Ассалом. Ман фикр мекунам ҷойи Устоди Марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин раҳбари фарзонаи марҳумамон холист ва холӣ хоҳад монд! Ман ба мақоми Устод Муҳиддини Кабирӣ эҳтиром мегузорам ва эшонро яке аз олимон ва сиёсатмадори бузург эътироф дорам, вале Устод Муҳидини Кабирӣ ба назарам мерасад, он нерӯйи рӯҳонӣ ва мубориза ва шуҷоъату шаҳоматро надорад ва эшон ба масоил хеле густарда ва амиқ ва боз меандешад, дар ҳоле ки мо ба як раҳбари олим, сиёсатмадор, рӯҳонӣ, шуҷоъ ва мубориз ниёзмандем. Ба ҳар ҳол дуъо мекунем, устод Кабириро худованд тавфиқоташро зиёд кунад ва битавонад раҳбарии ҳизбро ҳамчун устод Нурӣ нотарсона шуҷоъона, мутафаккирона, сабурона ва хирадмандона идора кунад... Ташаккур.
Амриддин, Эрон
--------------------------------------------------------

Ассалому алайкум. Ҳоло мо бояд бештар ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоъӣ таваҷҷуҳ диҳем.
Фарқе надорад кӣ раҳбарии ин ҳизбро ба уҳда мегирад.
Сулаймон
--------------------------------------------------------

Салом. Муҳиддини Кабирӣ дар назди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бисёр ҳам эҳтироми бахусусе дошт. Чунки Кабирӣ шахсияти болаёқат ва боэътимоди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд. Муҳиддини Кабирӣ дар рӯзи видоъ... аҳд карда буд, ки роҳашонро идома хоҳад дод ва иншоаллоҳ, Худованд ӯро дар ин роҳ ёрӣ намояд. Ӯ шоистаи ин вазифа ҳаст.
Сайид Биҳиштии Нурӣ
--------------------------------------------------------

Танҳо Тӯраҷонзода метавонад ҲНИТ-ро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Боқӣ ҳеч кас!
Tavar13
--------------------------------------------------------

Ростӣ, аслан мо ҳизб барои чӣ дорем? Фикр намекунам танҳо барои ифодаи ҳуқуқи сиёсӣ. Аз ин рӯ ҳама гуна ҳизб ва ҳар раҳбареро фақат барои ҳамон кораш меписандам, ки агар барномаи хуби иқтисодӣ-иҷтимоъӣ дошта бошад ва кораш аслан на гирифтани ягон вазифаи, ба қавле, равғанин, балки истифода аз қудрат барои амалӣ кардани барномаҳои иқтисодиаш бошад. Чаро ки метавон намунаҳои гуногуни пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистонро барои баланд бардоштани иқтисод истифода кард. Ҳизбҳои кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва ё сотсиал демократ ба ном зебоанд, аммо барномаашон маро қонеъ нанамуд. Ҳизби исломӣ, фарқ намекунам кӣ онро раҳбарӣ мекунад, шӯрбахтона, барномаи иқтисодии худро надорад ва дар эъломияаш аз барномаи иқтисодии дигар ҳизбҳо (хусусан, ҳизби халқи демократ) пуштибонӣ мекунад, ки ин чандон хуб нест. Дар ислом ҳам ҳуқуқи иқтисодӣ мавҷуд аст, ки метавон аз рӯи он барномаи хубе тарҳия кард. Аммо бо ин ки М. Кабирӣ омад, чизе рух надодааст ва ин ҳодисаи чандон муҳим нест...
Диловар, Франкфурт ам Майн
--------------------------------------------------------

Я думаю что Кабири справится с поставленной целью. Потому что он является великим человеком и достойным этого. (Ман фикр мекунам, ки Кабирӣ аз паси ҳадафи мушаххасшуда бар хоҳад омад. Зеро вай як инсони бузург ва сазовори ин мақом аст).
Delete_shod
--------------------------------------------------------

Танҳо як чиз метавонад ҲНИТ-ро аз парокандагӣ наҷот бидиҳад. Он ҳам интихоб шудани устод Ҳимматзода ба ҳайси раиси ҲНИТ. Воқеан Кабирӣ истеъдод ва маҳорати хуби кордонӣ дорад, вале ӯ наметавонад, сарварии ин ҳизбро ба дӯш дошта бошад. Зеро ин ҳизб бештар ҷанбаи динӣ дорад ва такияи асосӣ ҳам болои табақаи рӯҳонии кишвар гузошта мешавад. Кабирӣ дар доираи уламо ва рӯҳониёни динӣ тамоман нуфуз надорад. Барои ҳамин беҳтар мебуд, нафаре ба ин мақом интихоб мешуд, ки тавонад иртиботи ин ҳизбро бо рӯҳониён накоста, балки тақвият бахшад. Ва танҳо устод Ҳимматзода метавонанд, ин корро анҷом бидиҳанд. Гузашта аз ин, дар дохили ҳизб низ ба гуфтаи баъзеҳо, Кабириро чандон эътибор намедиҳанд ва ӯро бештар ҳамчун ғарбгаро мешиносанд.
Фарҳод, Маскав
--------------------------------------------------------

Салом. Кабирӣ сазовори ин мақом нест ва аз ягон ҷониб ӯ ба ин ҳизбро, ки даъвои дифоъ аз ислом мекунад, наметавонад раҳбарӣ кунад. Вай аз уҳдаи раҳбарии ин ҳизб намебарояд. Валлоҳу аълам би-с-савоб.
Амируллоҳ
--------------------------------------------------------

Ассалому алейкум. Ман аз худо талабгори он ҳастам, ки худованд ин бардари моро муваффақ кунад, то тавонад ояндаи ҳизбро беҳтар аз гузашта ба пеш барад.
Қурбон
--------------------------------------------------------

Салом алайкум. Ман бовари комил дорам, ки ин шахс метавонад ҳизбро ба пеш барад.
Сафарзод
--------------------------------------------------------

Аз таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон, махсусан, интихоботи ахир ва баланс (тавозун)-и қудрат дар ҳукумат чунин ба назар мерасад, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ як симбол (намод) ё чизи мавриди намоиши сарсарӣ дар ҷомеъа ва сиёсат боқӣ мондааст. Шояд 2-3 нафар аз тариқи ин ҳизб ба курсии порлумон ё ягон кумитаи на он қадар фаъъол ба таври рамзӣ бирасанду халос. Онҳое, ки дӯст доранд фазои сиёсии Тоҷикистонро таҳлил кунанд, бигзор ҳар хабари радио Озодӣ ё дигар расонаҳоро ба таври амиқ ва ҳаматарафа таҳлил кунанд. Шахсан ман худам ба чунин хулоса омадам, ки дар Тоҷикистон то 5-6 соли дигар ягон ҳизбе бо ҳизби кунунӣ (ҳоким) баробар нахоҳад буд. Ҳизби Исломӣ ягон бор таъсире надошт ва нахоҳад дошт. Он чизе, ки баӣзе шахсонро ба сиёсати ин ҳизб кашид, дастоварди размандагони Иттиҳодияи Оппозитсиони тоҷик ва фишори Русия аз хавфи Толибон дар минтақа буд. Акнун мо шоҳидем, ки кӣ худро қурбонии сиёсат гардонду кӣ соҳиби мансаб шуд...
Солеҳ, Инглистон
--------------------------------------------------------

Салом. Ба назари ман, Ҳизби Наҳзат шикастҳои зиёдеро мутаҳаммил шуд. Он қудрату тавоноиеро, ки дар солҳои аввал дошт, аз даст дод. Баъзе аз аъзояш бо мансаб аз ҳизб рафтанд ва имрӯз ҳам байни муллоҳо нисбат ба ин ҳизб диди манфӣ ва муборизаи дарунӣ ба вуҷуд омадааст. Ва касоне, ки қаблан дар ин ҳизб буданд ва дар роҳи он шаҳид дода буданд ва ятимоне, ки падаронашон барои ислом шаҳид шуданд ва модароне, ки бешавҳар монданд ва хеле аз чизҳои дигар буд, ки аз онҳо ҳимояти молӣ ва ҳуқуқӣ накард. Инҳо ҳама бетаъсир набуданд... Умедворам, ки раҳбарии ҷадид аз гузашта дарси ибрат гирад ва аз вазоифи шаръию сиёсии худашон огоҳ бошанд ва хидматгори миллат бошанд. Умедворам, ки Кабирӣ ишколоти сохтори сиёсии дохилии ҳизбро бартараф кунад ва ин ҳизбро мунсаҷиму якпорча нигаҳ дорад. Эҳтимоли тафриқа ва шикоф уфтоданд дар ин ҳизб ҳаст. Бояд ҳизб роҳкорҳои ҷадиде барои кормандон ва аъзояш эҷод кунад... Барои ҷаноби Кабирӣ бурдборӣ, комёбӣ ва пирӯзиро хоҳонам.
Бузургмеҳр
--------------------------------------------------------

Салом. Ба назари ман, ҷои устод холӣ хоҳад буд. Зеро эшон як раҳбари сиёсӣ ва исломии Тоҷикистон ва шахсияти муборизи рӯҳонӣ буданд ва ҳаводорони зиёде доштанд, ки аз эшон ҳимоят мекарданд; чи дар дохил ва чи дар хориҷ... Аммо ҷаноби Кабирӣ ҳам аз тавоноиҳои зиёде бархурдор аст ва бо ба кор гирифтани тамоми нерӯҳои худ метавонад ҳамчунон ҳизбро мустаҳкам гардонад. Агар ҳамкоронаш аз дохил дар канораш бошанд ва аз ӯ тарафдорӣ кунанд ва ҳизб битавонад нерӯи ҷавон ва тоза биёрад ва кодрсозӣ кунад ва ниёзҳои ҷавонон ва мусалмононро ҷавобгӯ бошад ва ба ниёзҳои ҷомеъа таваҷҷуҳ кунад ва рӯҳияи интиқоди зиддидавлатиашро тақвият кунад (интиқоди баҷо ва созгор), худро идома диҳад, то битавонад муваффақтар аз ҳоло бошад...
Ҷамшед аз Кӯлоб
--------------------------------------------------------

Умуман, дар мамлакате, ки 99 дарсад ҳама, алҳамдулиллоҳ, мусалмонанд, чаро ҳизби исломӣ ҷой дошта бошад? Дар хусуси ҷаноби Кабирӣ ҳаминро гуфтаниам, ки ӯро мегӯянд, як одами мудернист аст. Шояд аз ӯ нафъе бошад барои пешрафт ва мудернгароии Тоҷикистон.
Далер
--------------------------------------------------------

Ассалому алайкум! Мо ба худо имон дорем, чун худо агар нишона ва ояташро аз мо бигирад, ё беҳтар аз онро ба мо медиҳад ё мисли онро. Ва барои ин бародари азиз орзуи муваффақият дорем.
Сайид
--------------------------------------------------------

Салом алейкум. Ба назари ман ин ҳизб дучори ихтилоф ва инҳисоб, ё афроди дар сатҳи ҷудо аз ҳизб хоҳад шуд, чунки ҷаноби Нурӣ одаме буд, ки ҳам қабулаш доштанд ва аз ҷумлаи муассисони ҳизб буд ва раҳбари сиёсӣ мазҳабӣ буд, вале Кабирӣ аз чеҳраи мазҳабӣ бархурдор нест, вале ҷавонон тарафдори эшон ҳастанд, чӣ дар дохили ҳизб, чӣ дар хориҷ аз ҳизб ва эҳшон бояд тамоми кӯшишҳояшро барои ҷалби нерӯи ҷавон сарф кунад ва бо ҷавонон бештар ҳамкорӣ кунад.
Абу
--------------------------------------------------------

Дуруд ба мардони Худо ва ходимони миллат. Аввал ин ки ҷои пинҳон нест, ки устод худаш ба танҳоӣ як қутби сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва нерӯҳои зиёдеро худаш ҷамъ карда ва метавон гуфт, ки то ҳудуди як раҳбари харизматик буд. Ва бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи зиёдаш ва шинохте аз ҷомеа ва ҷомеа аз эшон дошт, як мавқеияти истисноӣ дар ҷаҳони ислом дошт, ки давлат зиёд наметавонист ба эшон фишор оварад. Ҳарчанд фишорҳо буд, нисбати устоди марҳум ҳам. Вале набояд нодида гирифт, ки оқои Кабирӣ ҳам аз шогирдони устод ҳаст, аз рӯзҳои аввал ёвари устод буд ва дарсҳои зиёде аз устод омӯхтааст. Ва бо таваҷҷӯҳ ба тавоноиҳое, ки худи ҷаноби Кабирӣ дорад, умедворам, ки битавонад ҷойгоҳи ҳизбро дар ҷомеаи тоҷик беҳтар гардонад, чун худаш ислоҳотхоҳ аст ва ҷавонписанд. Нерӯи асоси ҳар ҷомеа ҷавонҳо ҳастанд, агар битавонад, ҷавонони шоистаро гирди худаш ҷамъ кунаду ришсафедонро бо худ ҳамроҳ кунад, метавонад ҳамчунон ҳам тавозуни қудратро ҳифз кунад. Албатта дар тӯли 2-3 соле, ки ду раҳбарони бузурги ҳизб устод Нурӣ ва устод Ҳимматзода дучори маризӣ гашта буданд, ҷаноби Кабирӣ ва ҳамсафонаф имтиноҳи худашонро дода буданд ва нишон доданд, ки тавоноии зиёде доранд.
Ва дар охир барои ҷаноби устод Кабирӣ орзуи муваффақиятро орзуманда ва умедворам, ки дар роҳи ислом ва миллат хидмати худро ва роҳи устодро идома диҳад.
Бо эҳтиром Салимҷон
--------------------------------------------------------

Дуруд. Ба назари ман бо интихоби Кабирӣ ин ҳизб пешрафти зиёд хоҳад кард, зеро Кабирӣ як шахси исломгарои мудернист аст ва бо таҳавуллоти Тоҷикистону ҷаҳон ин ҳизбро самт хоҳад дод. Кабирӣ як шахси огоҳи сиёсии Тоҷикистон аст ва ҳатман мувозини қудрати сиёсӣ ин ҳизбро метавонад, ҳифз кунад.
Мухлиси шумо
--------------------------------------------------------

Илова ба гуфтаҳои боло: Вақте ки навиштаҳои болоро ба Шумо мефиристодам, хабар расид, ки Муҳиддин Кабирӣ ба мақоми раёсати ҲНИТ интихоб шудааст. Он касро бо ин муносибат табрик менамоям ва ба ӯ мувваффақиятҳо орзу менамоям.
Маҳмадраҳим
--------------------------------------------------------

Салом. Баъд аз даргузашти Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, фикр мекунам, вазъи ҲНИТ бад хоҳад шуд. Устод дар ҲНИТ ҳамчун як шаҳсутуне буд, ки дар атрофи худ аъзои ҲНИТ-ро, ки фикру ақидаҳои мухталиф доранд, ҷамъ намуда буд... Дар фаъолияти ҲНИТ пештар ҳам ихтилофҳо зиёд буданд... Аз тарафи ҳизб дар муносибат бо ҳукумат дар ин ё он масъала иштибоҳҳо низ ҷой доштанд. Фикр мекунам, ҳукумати вақти Тоҷикистон ҳама корро мекунад, то ин ки мавқеъи ҲНИТ дар ҷомеъа суст гардад. Шояд дар байни аъзои ҲНИТ тафриқа низ андозад, чи тавре ки нисбати баъзе ҳизбҳои дигар карда буд.
Маҳмадраҳим
--------------------------------------------------------

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Мо боварии комил дорем, иншоаллоҳ, ин бародари мо бо ёрии Аллоҳ метавонад, ки аз уҳдаи ин кор барояд.
Абдуллоҳ, Миср
XS
SM
MD
LG