Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният қатъномаи поёни хушунатҳо дар Ховари Миёнаро тасвиб кард


Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба иттифоқи оро қатъномаеро тасвиб кардаанд, ки аз Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон мехоҳад ба даргириҳояшон поён диҳанд. Бино бар ин қатънома ҳамчунин қарор аст 15 000 посдори сулҳи Созмони Милал барои барқарории оташбас дар минтақа дар ҷануби Лубнон мустақар шаванд. Ин қатънома, ки лаҳазоте пеш тасвиб шуд аз нирӯҳои исроилӣ мехоҳад , ки пас аз поёни даргириҳо ақибнишинӣ кунанд ва аз Ҳизбуллоҳ мехоҳад, ки ба ҳамалоти худ алайҳи исроил поён диҳад.


Куфӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милал, қабл аз тасвиби қатъномаи Шӯрои Амният гуфт:


"Ғафлаткор хоҳам буд, агар ба шумо нагӯям, ки ба чи андоза дилсардам аз ин ки Шӯрои Амният зудтар аз ин ба марҳилаи кунунӣ нарасид. Ва ман мутмаиннам, ки ин дилсарди ва афсурдагии манро садҳо милюн нафари дигар дар саросари ҷаҳон доранд."


Қаблан давлатҳои Исроил ва Лубнон ишора карда буданд, ки омодаи пазириши қатъномаи Созмони Милал барои барқарории оташбас дар Ховари Миёна ҳастанд. Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, нахуствазир Эҳуд Олмерт ҳозир аст фардо аз кобинаи худ бихоҳад, ки қатъномаро бипазирад. Ҳамин мақомот гуфта буданд, ки Исроил то замони тасвиби ин қатънома амалиёти низомии худ алайҳи Ҳизбуллоҳро мутаваққиф нахоҳад кард.


Хабаргузориҳо ба нақл аз мақомоти Лубнон менависанд, ки интизор меравад давлати он кишвар низ қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро бипазирад.


Бад-ин гуна қарор аст ин қатънома ба як моҳи даргириҳо миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон поён диҳад.
XS
SM
MD
LG