Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ ва сарнавишти Ҳизби Наҳзат


Даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ, яке аз поягузорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таваҷҷуҳи сиёсатмадорону таҳлилгаронро ба сарнавишти танҳо ҳизби исломии расмӣ дар Осиёи Миёна ҷалб кардааст.

Ҳизби Наҳзати Исломиро чи дар интизор аст? Оё он ҳамчунон якпорча боқӣ хоҳад монд ё ба монанди чанд ҳизби дигар ба санги нифоқу ихтилоф бар хоҳад хурд? Оё бархурди мақомот бо ин ҳизб тағйир нахоҳад кард? Оё назари аъзои ҳизб дар бораи раҳбари ояндаашон воҳид аст? Оё давлат талош нахоҳад кард ин ҳизбро зери кунтрули худ бигирад? Ва саранҷом, чи касе ба курсии раёсати ин ҳизб такя хоҳад зад?

Пурсишҳо зиёд аст ва посухҳо ҳам. Дар мизи гирди Озодӣ соҳибназароне чун Мансур Сайфиддинов, Акоша Кабирӣ, Раҷаби Мирзо, Рустами Ҳайдар ва Гулаҳмади Дониш дар ин бора изҳори назар кардаанд. Нишони баландгӯ дар гӯшаи унвони матлаб шуморо ба он мизи гирд хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG