Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми муҷримони қатли Хуршеда бетағйир монд


Додгоҳи Олии Русия дирӯз ҳукми додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург дар қиболи афроди муҷрим дар қатли духтараки нӯҳсолаи тоҷик Хуршеда Султоноваро бетағйир ва ба қувваи худ боқӣ гузошт.


Дар таърихи 22 марти соли ҷорӣ додгоҳи Санкт-Петербург 7 нафар аз 8 тани муттаҳам ба қатли духтараки тоҷик дар моҳи феврали соли 2004-ро танҳо дар авбошӣ муҷрим дониста ва онҳоро аз 1,5 то 5 сол ҳукми зиндон дода буд.


Бознигарии ҳукми қаблиро ҳам аҳли хонаводаи Хуршеда, ҳам додситонӣ ва ҳам муҷримон тақозо доштанд. Аммо Додгоҳи Олии Русия рӯзи панҷшанбе низ дар заминаи адовати қавмӣ сурат гирифтани ҳамла ба Хуршеда Султонова, падари ӯ Юсуф Султонов ва бародарзодааш Акобирро радд карда ва танҳо вуҷуди кирдори авбошона дар рафтори муҷриминро таъйид кард.


Назар Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург ба хабарнигорон гуфтааст, ки онҳо дар пайи машварат бо волидайни Хуршеда акнун мехоҳанд аз ин қазия ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят бубаранд.
XS
SM
MD
LG