Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши амалиёти Исроил дар Лубнон


Исроил имшаб ба густариши амалиёти низомиаш дар Лубнон оғоз кард. Дирӯз кобинаи амниятии вазирони Исроил қарори тавсиъаи бештари ин амалиётро тасвиб карда буд. Телевизиони Исроил мегӯяд, дар пай корвонҳои низомӣ зери ҳимояти оташи тӯпхонаҳо вориди ҷануби Лубнон мешаванд. Дафтари сарвазири Исроил гуфт, ҳадаф аз тавсиъаи амалиёт задани зарбаҳои шадидтар ба Ҳизбуллоҳ ва қатъи ҳамалоти мушакии алайҳи Исроил аз ҷануби Лубнон аст. Мақомоти Исроил мегӯянд, нирӯҳои исроилӣ ҷиҳати расидан ба соҳили рӯди Литани дар 30-километрии марзи Лубнону Исроил дастур гирифтаанд.

То кунун ҳудуди 10 000 сарбози исроилӣ дар маҳдудаи тақрибан 6 километр аз ин марз алайҳи чирикиҳои Ҳизбуллоҳ меҷангиданд ва мақомоти Исроил мегӯянд, теъдоди ин нирӯҳо акнун ба 30 000 хоҳад расид. Онҳо мегӯянд, ин амалиёт шояд то 30 рӯзи дигар, то замони истиқрори оташбаси зери назари байналмилалӣ ва халъи силоҳу аз наворҳои марзӣ дур андохтани чирикиҳои Ҳизбуллоҳ идома хоҳад ёфт.

Бо ин ҳол, Ҳизбуллоҳ мукқовиматаш бо нирӯҳои Исроил ва ҳамалоти мушакӣ алайҳи шаҳрҳои Исроилро идома медиҳад. Телевизиони Исроил мегӯяд, бар асоси иттилооти таъйидшуда, дирӯз дар ҷараёни даргириҳо дар ҷануби Лубнон 15 сарбози исроилӣ ба ҳалокат расида, 38 аскари дигар захмӣ шудаанд. Тайи инак 29 рӯзи низоъи Лубнон Исроил дар як рӯз чунин қурбонии бузург надода буд.

Раҳбари Ҳизбуллоҳ Шайх Ҳасан Насруллоҳ имшаб тарҳи аз сӯи Амрикову Фаронса пешниҳодшудаи қатъномаи ША СММ дар қиболи роҳҳалҳои бӯҳрони Лубнонро ноодилона ва ғайримунсифона номида радд кардааст. Ҳасан Насруллоҳ аммо гуфт, аз пешниҳоди Бейрут дар бораи истиқрори 15 000 сарбозаш дар ҷануби Лубнон ҳимоят мекунад. Давлати Лубнон гуфтааст, омода ҳаст ба хотири таъмини оташбас дар пайи хуруҷи нирӯҳои Исроил ин шумори сарбозони худро ба манотиқи ҳаммарз бо Исроил эъзом кунад.
XS
SM
MD
LG