Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ГБМ: Тоҷикистон намехоҳад расонаҳои зиёд дошта бошад


Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (ГБМ) рӯзи сешанбе (8 август) тасмими давлати Тоҷикистон мабнӣ бар адами судури муҷаввиз барои пахши барномаҳои родюи Би Би Си рӯи бонди Эф-Эм (FM) дар Тоҷикистонро маҳкум кард. Ба гуфтаи ин созмон, ин иқдоми давлати Тоҷикистон "як талоши нигаронкунандаи дигари режим ҷиҳати ҷилавгирӣ аз дастрасии мардум ба расонаҳои хориҷӣ ва манобеъи мустақилли хабарист".


Кумитаи давлатии судури муҷаввизи пахши барномаҳо дар Тоҷикистон рӯзи 2 август дархости Би Би Си мабнӣ бар азсаргирии пахши барномаҳои Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё рӯи амвоҷи Эф Эмро рад кард. Абдурраҳмон Абдуманнонов, раиси ин кумита гуфт, ки миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Бритониё тавофуқномаи марбутае вуҷуд надорад, то битавон бар мабнои он ба Би БИ Си муҷаввиз дод.


Винсент Броссел, сухангӯи созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар гуфтугӯ бо бахши тоҷикии Озодӣ гуфт, ки ба назари вай, давлати Тоҷикистон намехоҳад дар кишвар расонаҳои зиёд вуҷуд дошта бошад ва аз ин рӯ дар ҳоли маҳдуд кардани доманаи фаъъолияти онҳост. Вай афзуд:


"Аз ду соли пеш то кунун мо шоҳиди чандин мавриди бастани рӯзномаҳо, шабакаҳои родюӣ ва телевизиюнӣ будаем."


Ба гуфтаи оқои Броссел, нахустин паёмади ин тасмими давлат маҳрумияти милюнҳо нафар дар Тоҷикистон аз як манбаъи муътабари хабарист. Вай гуфт:


"Мо аз ин мавзӯъ бисёр мутаассифем ва аз ҳукумат мехоҳем, ки тасмими худро иваз кунад ва ба Би-Би-Си иҷоза бидиҳад, ки дар Тоҷикистон озодона фаъъолият кунад."


Винсент Броссел ҳамчунин ин эҳтимолро матраҳ кард, ки шояд ин тасмими давлати Тоҷикистон бо корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муртабит бошад.


Барномаҳои Би Би Си барои муддате то рӯзи 10 январи 2006 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд рӯи бонди Эф Эм қобили дарёфт буд. Мақомоти Тоҷикистон далели қатъи пахши ин барномаҳоро набуди санадҳои лозим барои судури муҷаввизи тоза барои ин бунгоҳ унвон карда буданд.
XS
SM
MD
LG