Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи ёдбуди «Пахтакор-79»


Дастаи футболи наврасони «Энергетик»-и Душанбе дар мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аъзои дастаи машҳури футболи «Пахтакор-79»-и Тошканд, ки 11 августи соли 1979 дар як сониҳаи ҳавоӣ ба ҳалокат расидаанд, ширкат дорад.

Ин мусобиқа ҳар сол бо ибтикори бошгоҳи футболи «Пахтакор» ва шӯъбаи тошкандии Бунёди рушди варзиши кӯдакон баргузор мешавад. Дар мусобиқаи имсола, ки рӯзи чоршанбеи 9 август дар шаҳри Тошканд оғоз шуд, футболбозони синни чаҳордаҳсола дар ҳайати шаш даста ҳунарнамоӣ мекунанд.

«Энергетик» дар гурӯҳи «А» бо тими мактаби футболи «Пахтакор»-и Тошканд ва дастаи СДЮШОР - мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии шаҳри Ишқободи Туркманистон рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «В» тими РШВСМФ - мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии футболи Тошканд, «Ғайрат»-и Алмаато ва дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон дохиланд.

Бозии ниҳоӣ ва маросими пӯшидашавии мусобиқа рӯзи ҷумъаи 11 август дар Варзишгоҳи марказии «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мешавад.

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки Конфедерасиюни футболи Осиё (AFC) макони баргузории бозиҳои ҳалкунандаи Ҷоми Осиё-2007-ро эълом кард. Маросими кушоиш ва аввалин бозии ин мусобиқот рӯзи 7 июли соли 2007 дар пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок барпо мешавад. Бозии ниҳоӣ рӯзи 29 июли соли 2007 дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта доир хоҳад шуд. Бозиҳои ниманиҳоӣ дар шаҳрҳои Ханойи Вйетнам ва Куала-Лумпури Малайзиё баргузор мегарданд.

Дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2007 24 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои қора дар шаш гурӯҳ рақобат доранд. Ҷойгоҳи дастаҳо дар гурӯҳҳо чунин аст:

гурӯҳи А - Ҷопон - 3 имтиёз (1 бозӣ), Арабистони Саудӣ - 3(1), Яман - 3(2), Ҳиндустон - 0(2)
гурӯҳи В - Эрон - 3(1), Сурия - 3(2), Куриёи Ҷанубӣ - 3(1), Тайван - 0(2)
гурӯҳи С - Имороти Муттаҳидаи Араб - 6(2), Уммон - 3(2), Урдун - 3(2), Покистон - 0(2).
гурӯҳи D - Австралия - 3(1), Кувайт - 2(2), Лубнон - 1(1), Баҳрайн - 1(2).
гурӯҳи Е - Чин - 3(2), Сингапур - 3(2), Ироқ - 3(2), Фаластин - 3(2).
гурӯҳи F - Қатар - 6(2), Узбакистон - 3(2), Ҳонконг - 3(2), Бангладеш - 0(2).
Бозиҳои даври севвум рӯзи 16 август баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG