Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмонов тоҷирони Ҳиндро ба бозори Тоҷикистон даъват кард


Рӯзи сешанбе боздиди ҳайъати олии Тоҷикистон ба раҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов аз Ҳинд, бо дидори шаҳри Ҷайпур, маркази вилояти Раҷистон идома ёфт. Вазорати хориҷаи Ҳинд мегӯяд, дар Ҷайпур дар баробари ширкат дар чанд барномаи фарҳангӣ ҳайъати Тоҷикистон бо кори ширкатҳои нассоҷиву корхонаи тавлиди маҳсулоти ширӣ ва барқии "Бҳарат Ҳеви Электроникс" шинос мешавад. Ин ширкат махсуси тавлиди генераторҳои барқиву дигар лавозимоти вижаи нирӯгоҳҳост.


Рӯзи чоршанбе ҳайъати Тоҷикистон аз шаҳри Ҳайдаробод, маркази вилояти Андра Прадеш дидан карда ва рӯзи 10 август ба ватан бар хоҳад гашт.


Рӯзи душанбе дар пойтахти Ҳинд мақомоти Душанбеву Деҳлӣ ба панҷ санади ҳамкориҳои дуҷониба имзо гузоштанд. Аммо дар мулоқот бо тоҷирони Ҳинд Эмомалӣ Раҳмонов онҳоро ба фаъолияти бештар дар бозори Тоҷикистон, аз ҷумла ба мушорикат дар иҷрои тарҳҳое назири сохтмони нирӯгоҳи Даштиҷум дар марз бо Афғонистон даъват кардааст. Оқои Раҳмонов мизони кунунии равобити тиҷоратӣ байни Ҳинду Тоҷикистонро нокофӣ ва зарфиятҳои истифоданошуда барои густариши ҳамкориҳоро фаровон номидааст.


Тибқи иттилоъи вазорати иқтисоди Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мизони табодули молу коло миёни Ҳинду Тоҷикистон 718 000 долларро ташкил додааст, дар ҳоле, ки соли гузашта ин рақам беш аз 2 670 000 доллар будааст.
XS
SM
MD
LG