Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши эътирозӣ: оре ё на?


DR Дархости Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар бораи баргузории тазоҳуроте дар эътироз ба хушунатҳои ҷорӣ дар Лубнон аз сӯи шаҳрдории Душанбе рад шуд. Шаҳрдорӣ муътақид аст, ки ҲНИТ ба ҳангоми ироаи дархостнома нукоте аз қонунро нодида гирифтааст. Оё барои баргузории як чунин намоиши эътирозӣ дар Душанбе ниёзе мебинед?

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.

Мо ба ин хел тазоҳурот омода нестем. Барои ин хел тазоҳурот бояд аввалан мардумро огоҳ кунонд, то гузаштаи 15 сол пеш такрор нашавад. Ин аз тарс нест. Ин як вокеъият аст, ки рушанфикрони Наҳзати Исломӣ бояд авоқиби онро баррасӣ кунанд, зеро аз ноогоҳии мардум душманони дохил ва хориҷ метавонанд ба нафъи худ истифода бурда, худонакарда... Радди ин пешниҳод аз тарафи шаҳрдорӣ бешак ҷанбаи сиёсӣ дорад. Мо инро медонем, ин аз далоили раддашон маълум аст... Вале аз сӯи дигар, метавонем радди ин пешниҳодро дуруст арзёбӣ кунем, зеро ҳанӯз ҳам сатҳи огоҳии мардум нисбат ба намоишҳои эътирозӣ камтар аст. Аз ҳама муҳим, ин намоишҳои эътирозӣ барои мо чӣ даркор? Мо худ кам мушкил дорем, ки фикри арабҳоро кунем? (Кишварҳое намоиши эътирозӣ ташкил мекунанд, ки мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангии худро ҳал карда, пасон даст ба ин корҳо мезананд. Мо чаро аз он кишварҳо кӯр-кӯрона пайравӣ мекунем ва на вазъи дохили кишварамонро месанҷем ва на вазъи минтақа ва ҷаҳонро?) Ба фикри ман, ҳамин як эътирози расмӣ аз тарафи Ҳизби Исломӣ аз номи мусалмонони тоҷик кофист.
Мухлиси шумо
---------------------------------------------------------

Ман яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва тарафдори ин иқдоми Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зеро мо ҳама бародар ҳастем, агарчи (мардуми Лубнон) араб ҳам бошанд.
Қорӣ Исломиддин
---------------------------------------------------------

Салом ба ҳамаи ишркаткунандагони ин баҳс. Ман аз ин тасмими шаҳрдории Душанбе мутаассифам. Дар ҷаҳони имрӯз ҳукуматҳо аз ҳар фурсете барои ба даст овардани манфиъати сиёсӣ истифода мекунанд. Ин беҳтарин фурсат буд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз қартаи Наҳзат барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳони ислом бидуни ранҷондани Ғарб баҳра бибарад.
Камолов
---------------------------------------------------------

Салом. Аслан наҳзатҳои содаи мо ҳанӯз намедонанд, ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд. Охир, ин ҷо магар Олмон аст ё Фаронса, ки инсон ҳаққи тазоҳурот ва садо баланд кардан дошта бошад? Инҷо миригарии Маҳмадсаид ва хонигарии Эмомалист, ки ҳатто барои дигарон гирди ҳам омаданро таҳдид меҳисобанд...
Фарзод
---------------------------------------------------------

Салом. Ташаккур ба шумо, ки дар мавридҳои муҳим имкони изҳори назар барои мардум медиҳед, вагарна дар ин диёри балозада на танҳо имкони тазоҳурот, балки имкони ҳарф задан ҳам намедиҳанд. Ман фикр мекунам, ки ҷаноби Убайдуллоев сахт иштибоҳ кард. Зеро агар иҷоза медод, зимни ба даст овардани як хол (имтиёз)-и мусбат дар баробари Ҳизби Наҳзат ва низ дар миёни афкори умумӣ таваҷҷуҳи олами исломро ба Тоҷикистон бештар ҷалб мекард (махсусан Иронро, ки инак аз сармоягузорони ҷиддӣ дар кишвари мост). Гузашта аз ин, охир ин ҳаққи ҳар инсон аст, ки дар баробари зулм садо баланд кунад ва кӣ ин ҳақро ба Убайдуллоеву Раҳмонов додааст, ки мардумро аз ин ҳаққи мусаллами худ маҳрум созанд???
Бустон
---------------------------------------------------------

Ба андешаи ман, ҳар як фарди мусалмон бояд нуқтаи назари хешро перомуни ҳамалоти Исроил иброз дорад, сарфи назар аз он ки ӯ узви Ҳизби Наҳзати Иисломии Тоҷикистон ҳаст ё на. Шахсан ман узви ҳеч ҳизбе нестам, аммо таҷовузе, ки Исроил дар Лубнон бар кӯдакону занон раво дида истодааст, маро дар канор гузошта наметавонад ва ман аз иқдоми ҲНИТ дастгирӣ мекунам ва аз Шаҳрдори гиромӣ хоҳиш дорам, ки агар эшон худро бародари мо донад, бо ҲНИТ созиш кунад, яъне онҳоро гузорад, ки нуқоти назарашонро иброз намоянд. Бо эҳтиром
Наил
XS
SM
MD
LG