Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон пунбачинӣ оғоз шуд


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз оғози корзори ҷамъоварии пунба дар кишвар дар мавсими соли 2006 хабар додааст. Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ба ҷамъоварии ҳосили пунба (пахта) имсол нахуст деҳқонони навоҳии ҷануби кишвар оғоз бахшиданд.


Саидмурод Баҳриддинов - раиси бахши киштукори вазорати мазкур дар суҳбат бо Озодӣ оғози пунбачинӣ дар мавсими имсолро таъйид кард, вале гуфт, ин танҳо шурӯъи ғайрирасмии ҷамъоварии пунба дар кишвар аст. Ба гуфтаи вай, вазорати кишоварзӣ то кунун дар мавриди оғози мавсим аз навоҳии пунбакор иттилоъи расмӣ дарёфт накардааст.


Ба гуфтаи оқои Баҳриддинов, феълан ҷамъоварии пунба дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус, Колхозобод ва Панҷу Қумсангир шурӯъ шудааст. Саидмурод Баҳриддинов афзуд, тибқи барномаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мавсими расмии ҷамъоварии пунба дар ин кишвар баъд аз 20 августи соли равон шурӯъ мешавад.


Имсол дар Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 200 ҳазор ҳектор пунба кишт шудааст ва вазорати кишоварзӣ барномаи имсолаи пунбакоронро ба даст овардани ҳудуди 550 ҳазор тон пахта эълом кардааст.


Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон раванди коҳиши тадриҷии масоҳати пунбазорҳо ва ҷамъоварии ҳосили он ба мушоҳида мерасад. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2005 ҷамъоварии пунба дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2004 ба миқдори 19,6 дарсад ва ё то 109 ҳазор тон коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG