Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари терроризм худ ва милисаҳоро тарконд


Дар шаҳри Исфара зимни баргузории амалиёти вижа як афсари пулис кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузориҳо иттилоъ дод, ки шаби ҷумъа кормандони бахши мубориза бо терроризми ноҳияи Исфара ба хотири боздошти як гумонбари узвият ба Ҳаракати исломии Узбакистон амалиёти вижа доир карданд. Ва аммо ҳангоми боздошт гумонбари терроризм худро инфиҷор кард. Бар асари таркиши норинҷак раиси бахши мубориза бо терроризми шӯъбаи милисаи Исфара Икром Ҷалолов ба ҳалокат расид. Ду корманди дигари милиса Искандар Розиқов ва Шамсиддин Наимов бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд. Ба иттилоъи вазорати умури дохила, алҳол як гурӯҳи фаврӣ ин ҳодисаро пажуҳиш мекунад.
Қаблан дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе Ҳумдин Шарифов, вазири дохилаи Тоҷикистон аз фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ дар шимоли кишвар изҳори нигаронӣ карда буд. Ба иттилоъи ӯ, аз оғози сол дар устони Суғд беш аз 40 аъзои Ҳизбуттаҳрир ва ҳудуди 20 аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шуданд. Вазири дохилаи Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳҳоро дар ташкили ду инфиҷори соли гузашта дар маркази Душанбе рухдода ва ҳамлаи мусаллаҳона ба гузаргоҳи марзии Лаккон дар сарҳади ҷумҳури Қирғизистон муттаҳам карда буд.
XS
SM
MD
LG