Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиши мо дар чи ҳол аст?


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.

Салом, ба ҳаводорони варзиш. Дар шароити кунунии кишвари мо танҳо варзишгарон метавонанд ба ҷаҳониён Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд, аз ин рӯ ба андешаи инҷониб бояд барномаҳои вижаи рушди варзиш таҳия шавад. Гурӯҳҳои нозирие таъсис дода шавад, то рафти амалии ин барномаҳоро назорат кунад. Чун тамоми лоиҳаҳои вобаста ба варзиш алъон танҳо дар рӯйи коғазанд... Бо умеди рушди варзиши тоҷик ва муаррифии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо дар тамоми дунё дуогӯянда
М. Маҳбуб
----------------------------------------------

Варзиш пеш меравад, агар мо варзишро ба гурӯҳбозиҳо ва ифлосиҳо омехта накунем.
Сулаймон
----------------------------------------------

Барои рушди варзиш, ки лоиқ ба баромадҳо дар арсаи байналмилал бошад, аввалан, барои Тоҷикистон рушди иқтисодии комил зарурист, ки феълан дар Тоҷикистон ҳатто ин ба қадри кӯчак дида намешавад ва сониян, маблағгузор лозим аст, ки ҳайфо, ки Тоҷикистон дорои чунин шахсиятҳо нест. Бо салом
Абдулло, Москов
XS
SM
MD
LG