Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танзими корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон


Муҳибулло Додоҷонов, раиси Дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва назарсанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин кумисюн барои танзими корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯшан сохтани нукоти номуайяни қонунҳои марбута лоиҳаи панҷ қарори навро омода кардааст. Вай гуфт, яке аз он аснод ҳуқуқ ва вазифаҳои нозирони маҳаллӣ ва байнулмилалиро муайян мекунад, зеро бар хилофи Қонуни интихоботи порлумонӣ дар Қонуни интихоби президент роҷеъ ба ширкати нозирон чизе гуфта нашудааст.


Қарори дуюм шеваи ҷамъоварии имзои 160 ҳазор интихобкунандаро барои пешбарии номзад муқаррар карда, интизор меравад, ки барои ин 24 рӯз вақт дода шавад ва шумораи гурӯҳҳои мубтакир ё имзоҷамъкуни номзадҳо номаҳдуд бошад.


Ду лоиҳаи дигар ба муаррифиҳои пешазинтихоботӣ марбут аст ва шаклу андозаи намояҳои таблиғии номзадҳо ва дастрасии онҳо ба расонаҳои гурӯҳиро танзим мекунад. Тибқи онҳо ҳар номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ хоҳад дошт, барои муддати 30 дақиқа аз телевизион ва радиои миллӣ суханронӣ кунад ва барои шахсони боэътимоди ҳар як аз номзадҳо бо ҳамин мақсад 10 дақиқа вақт муқаррар хоҳад шуд.


Ҷаноби Додоҷонов афзуд, Кумисюни марказии интихобот ҳамчунин чопи то 10 сафҳа аз матолиби номзадҳо дар нашрияҳоро таъмини молӣ хоҳад кард. Дар посух ба ин пурсиш ки оё миёни номзадҳо баҳсҳои мустақими телевизионӣ ё радиоӣ ба амал хоҳад омад, ҷаноби Додоҷонов гуфт, лоиҳаи чунин санад омода нашудааст, аммо агар номзадҳо ин дархостро матраҳ кунанд, иҷрои он аз эҳтимол дур нест.
XS
SM
MD
LG