Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амнияти Созмони Милал фоҷеъаи Қоноро баррасӣ мекунад


Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар нишасти фаврии худ вазъи Ховари Миёнаро баррасӣ хоҳад кард. Ин нишаст ба хотири пажуҳиши сабабҳои фоҷеъаи ахир дар деҳаи Қоно, воқеъ дар ҷануби Лубнон доир мешавад, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии Исроил 57 сокини осошта кушта шуданд. Ба иттилоъи пулиси Лубнон, шаби гузашта як бумб дар манзиле мунфаҷир шуд, ки ҳудуди 60 фирорӣ, аз ҷумла, кудакони маҷрӯҳ ва занон дар он паноҳ бурда буданд. Дар ин ҳамла 37 кудак ба ҳалокат расиданд.


Ҳалокати мардуми осошта боъиси тазоҳурот дар Бейрут - пойтахти Лубнон шуд. Садҳо сокини шаҳр ба нишони эътироз алайҳи ҳамла ба рустои Қоно талош карданд вориди бинои дафтари Созмони Милали Муттаҳид шаванд. Онҳо панҷараҳои сохтмонро шикастанд ва парчами Созмони Милалро пора-пора карданд. Тазоҳургарон Созмони Милал ва созмонҳои байнулмилалиро ба он муттаҳам карданд, ки дар баробари фоҷеъаи Лубнон бетафовутӣ зоҳир мекунанд.


Ба пулис ва неруҳои низомии Лубнон муяссар шуд, ки аз забти бино аз сӯи тазоҳургарон ҷилавгирӣ кунанд.
Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба деҳаи Ғоно талошҳои дипломатӣ барои хатми низоъ миёни Исроилу Лубнонро мутаваққиф сохт. Ин ҳамларо мақомоти Фаронса, Бритониё ва Урдун маҳкум карданд. Созмони Конфронси Исломӣ бо пахши як изҳорот ҳамла ба деҳаи Ғоноро "ҷинояти низомӣ" номид ва Исроилро дар поймол кардани ҳуқуқи байнулмилалӣ, аз ҷумла, созишномаи Женева оид ба дифоъ аз мардуми осоишта дар давраи ҷанг муттаҳам кард.


Фуод Синиора - нахуствазири Лубнон гуфт, ки то замони оташбаси фаврӣ кишвараш дар ҳич музокирае барои ҳалли буҳрони Ховари Миёна ширкат нахоҳад кард:


Дар ин субҳи фоҷеъабор ба ҷуз аз оташбаси оҷил ва бечунучаро ва таҳиқи байнулмиллии кушторе, ки Исроил дар Лубнон ба роҳ андохтааст, дар бораи ҳич музокираи дигар ҳарф задан имкон надорад.


Нахуствазири Лубнон мулоқот бо Кондализа Райс - вазири хориҷаи Омрикоро лағв кард. Хонум Райс дар мавриди ҳалокати мардум изҳори таассуфи амиқ кард. Дар мулоқот бо раҳбарони Исроил дар Байтулмуқаддас ӯ гуфт, ки вақти музокирот барои оташбас фаро расидааст.


Ва аммо Эҳуд Олмерт - нахуствазири Исроил баъд аз изҳори таассуф аз фоҷеъаи рухдода бори дигар изҳор дошт, ки кишвараш то замони расидан ба аҳдофаш ва аз байн бурдани пойгоҳҳои гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон оташбас эълон нахоҳад кард:


Ман гумон мекунам, ки рушан аст: то замони ба вуқуъ пайвастани вазъе, ки мо битавонем бигӯем ба ҳадафи дар пеш гузошта расидаем ва барои рушди раванди сиёсӣ ва имзои созишномаи таъмини сулҳ ва амният дар минтақа шароит фароҳам шудааст, Исроил барои оташбас шитоб намекунад.


Артиши Исроил гуфт, ки ҳамоно аз рустои Қоно шаҳрҳои воқеъ дар шимоли Исроил мушакборон мешуданд. Ва аммо Илиёс Мур - вазири дифоъи Лубнон ин иддаои Исроилро рад кард. Раисиҷумҳурии Лубнон Эмил Лаҳуд Исроилро ба куштори мардуми осоиштаи Лубнон муттаҳам намуд. Раҳбари Лубнон гуфт, сарнишинони ҳавопаймоҳои исроилӣ медонистанд, ки дар ин манзил мардуми осоишта паноҳ бурда буданд

.
Ёдовар мешавем, дирӯз Исроил даъвати Созмони Милал барои барқарории як оташбаси серӯза дар ҷануби Лубнонро рад кард. Ян Эгеланд, ҳамоҳангсози барномаҳои имдоди Созмони Милал аз Исроил ва гурӯҳи Ҳизбуллоҳ даъват карда буд, ки ба хотири берун овардани мардуми осоишта аз минтақаи даргириҳо ҳадди аққал 72 соъат дар задухурдҳо таваққуф эълон кунанд.
XS
SM
MD
LG