Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргардонии муҳоҷирон дар Қазоқистон поён хоҳад ёфт?


Олмотӣ Аз ҳамин рузҳо ё дақиқтар аз якуми август мақомоти муҳоҷирати Қазоқистон ба сабти номи муҳоҷирини корӣ шуруъ мекунанд. Он гуна, ки дар Қазоқистон эълон шудааст, тибқи Қонуни афв ва сабти номи муҳоҷирини корӣ то поёни соли ҷорӣ аз сад то сесад ҳазор муҳоҷири корӣ сабти ном хоҳад шуд.

Муҳоҷирини корӣ аз мушкилоти хеш таи тақрибан як сол дар Қазоқистон шиква доштанд. Онҳоро сабти ном намекарданд ва чун фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ буд, ҳамеша аз дасти кормандони ниходҳои интизомӣ азоб мекашиданд. Ҳоло дар Қазоқистон қонуни авф ва сабти номи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба тасвиб расид.

Ба гуфтаи Серик Саинов-сарвари раёсати муҳоҷирати Қазоқистон, тибқи ин қонун аз 1 август то охири ҳамин сол аз 100 то 300 ҳазор муҳоҷири корӣ сабти ном шуда, ба онҳо корти махсуси муҳоҷират дода мешавад. Чун муҳоҷирини корӣ ғайриқонунӣ фаъолият доштанд , ба ин сабаб онҳо яке аз қишрҳои осебпазири ҷомиъа маҳсуб мешуданд.

Корзоре, ки тоза оғоз гирифтааст, то охири сол идома хоҳад ёфт ва он ба муҳоҷирон имкон хоҳад дод, ки минбаъд фаъолияти хешро тибқи қонун идома диҳанд. Вале сарвари раёсати муҳоҷирати Қазоқистон мегуяд, фаъолияти он идда аз шаҳрвандони кишварҳои Шуравии собиқ қонунӣ карда, ба онҳо корти махсуси муҳоҷират дода хоҳад шуд, ки онҳо 60 руз қабл аз оғози амали ин қонун ба Қазоқистон омада бошанд.

Вай мегуяд, ба ин гуруҳи муҳоҷирин корти муҳоҷират дода намешавад:
- Ононе, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ вориди Қазоқистон шудаанд;
- Ононе, ки хуҷҷати зарурӣ надоранд ва дар бораи хеш маълумоти дуруғ додаанд;
- Ононе, ки барои сабти ном ҳуҷҷати заруриро пешниҳод намекунанд;
- Ононе, ки барои фаъолият муҷаввизи зарурӣ надоранд;

Ҳангоми сабти ном ба муҳоҷирине бартарӣ медиҳанд, ки дар бахшҳои кишоварзӣ ва сохтмон кор мекунанд.
Дар бораи сабти номи ононе, ки ба тиҷорат машғуланд, дар қонун чизе гуфта нашудааст. Вале ба гуфтаи Серик Саинов-сарвари раёсати муҳоҷирати Қазоқистон, ин масъала дар ҷараёни маърака, яъне дар ним соли оянда бо гирифтани муҷаввизу патент ҳал хоҳад шуд.

Ба таъкиди Олег Ивашенко-сухангуи вазорати дохилаи Қазоқистон, яке аз ҳадафҳои сабти номи муҳоҷирини ғайриқонунӣ таъмини ҳуқуқи муҳоҷирини кориву ҳимояи иҷтимоиъии онҳо ва ҳамчунин коҳиш додани сатҳи фасод дар дар миёни муҳоҷирати корист.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, барои сабти ном ва қонунӣ кардани фаъолияти муҳоҷир ҳуҷҷати зиёд зарур нест. Корфармо бояд ба ҳукумати маҳалӣ ариза дар мавриди сабти номи муҳоҷири корӣ ин ҳуҷҷутҳоро пешниҳод кунад:

-Шартномаи корӣ;
- Нусхаи шартнома;
- Шиносномаи муҳоҷир;
- Корти вурудии муҳоҷир;
-Ва акси муҳоҷир;
Дар ариза бояд ному насаб, зодгоҳи муҳоҷир ва маҳали иқомати муҳоҷир зикр гардад.

Серик Саинов мегуяд, идораи муҳоҷират кушиш хохад кард, то ҳамаи муҳоҷирини кориро, ки дар Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти онҳо ба қонуни нави кишвар мутобиқ аст, сабти ном кунанд. Ба ин тартиб, бо пардохти молиёт ба ҳазинаи давлат маблағи бештар ворид мегардад. Аз суи дигар, равандҳои муҳоҷират ба танзим дароварда мешаванд.

Аксари муҳоҷирини тоҷик мегуянд, ки чунин қонунро онҳо дерест интизор буданд ва кушиш хоҳанд кард, ки зуд ҳуҷҷатҳои худро барои сабти ном пешниҳод кунанд. Аз ҷумла, Рустам Мунавваров-зодаи ноҳияи Ҷилликул, ки 12 сол дар Алмаато ба тиҷорат машғул аст, мегуяд, ки вай сабти ном дорад, вале уро бештар такдири 4-5 бародараш, ки ҳамроҳаш кор мекунанд, ба ташвиш овардааст:

"Ман ин ҷо сабти доимӣ дорам. Ин ҷо масъалаи бародаронам ҳаст,
4-5 кас, барои онҳо мушкил мешавад. Дар Тоҷикистон ҳозир вазнин, кор нест. Агар дар ҳамин ҷо ҳаракат карда, сабти ном карда, ҳуҷҷут гирандк кор кунанд, бисёр хуб мешавад".


Идибек Ризоев, ки ним сол кабл аз Руссия ба Қазоқистон омада, ҳоло дар бозори умдафурушии хуроквории Алмаато ошпаз аст, чунин мегуяд:

"Агар ин чо корамон барор нагирад, иншооллоҳ ният дорем, ки боз ба Русия биравем".

Аксари ҳамсуҳбатони мо, сарфи назар аз он, ки сабти ном мешаванд ё на, ба Тоҷикистон баргаштанӣ нестанд, зеро дар он ҷо барояшон кор нест. Кор бошад ҳам маблағи хеле ночиз медиҳанд, ки бо он худ ва аҳли хонаводаашонро таъмин карда наметавонанд.

Муҳоҷирини кории тоҷик бовар доранд, ки сабти ном ва гирифтани корти махсуси муҳоҷират ба онҳо имкон хохад дод, то бидуни ҳарос аз пулис ва ришвадиҳӣ ба онҳо озодона кори худро идома диҳанд. Таи қариб як сол микдори зиёди маблағи бо сад душворӣ ба даст овардаи бархе аз муҳоҷирини тоҷик, ки шумораи онҳо, ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон, дар Қазоқистон ба беш аз 45 ҳазор нфар мерасад, ба ҷайби пулис рафтааст.
XS
SM
MD
LG