Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш хостори эъзоми нирӯҳои чандмиллиятӣ ба Лубнон шуд


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико мегӯяд, ки Кондолиза Райс, вазири хориҷаи ин кишвар имрӯз, 29 июл, барои анҷоми гуфтугӯҳои тоза дар бораи буҳрони Лубнон ба Ховари Миёна боз хоҳад гашт. Вай, ки дар як нишасти хабарии муштарак бо Тонӣ Блер, нахуствазири Бритониё дар Вошингтун суҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, ки нирӯҳои чандмиллиятӣ бояд ҳар чи зудтар ба Лубнон гусел шаванд. Вай афзуд:


"Ҳафтаи оянда Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳам нишасте хоҳад дошт. Ҳадафи мо тасвиби қатъномае бино бар фасли ҳафтуми Маншури Созмони Милал аст, ки қарор аст барои қатъи фаврии даргириҳо чорчӯби мушаххасеро пешбинӣ кунад ва ихтиёроти нирӯҳои чандмиллиятиро мушаххас кунад."


Тонӣ Блер, нахуствазири Бритониё гуфт, ки бо назари оқои Буш мувофиқ аст ва ин ки тасвиби як қатъномаи Созмони Милал барои поён додан ба даргириҳо дар наздиктарин фурсат зарурист. Аммо ҳич кадом аз барқарории оташбаси фаврӣ миёни тарафҳои даргир суҳбат накарданд.
XS
SM
MD
LG