Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони навҷавони тоҷик дар Тошканд медоли нуқра гирифт


Шерзод Тошмуродов, паҳлавони навҷавони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаи гуштии кураш дар шаҳри Тошканд медоли нуқра ба даст овард. Вай дар рақобатҳо мувофиқи вазни худ бар ҳарифонаш аз Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон пирӯз шуда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар зӯрозмоии ҳалкунанда аз гуштигири узбак Умед Сироҷов мағлуб гашта, мақоми дуввумро касб кард.
Ва як хабари дигар. Ҳайати варзишии Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти раҳбарии Зайгинг Ю, ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар ва муъовини раиси Шӯрои олимпии Осиё ба Тоҷикистон омадааст. Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ҷараёни сафари панҷрӯзаи меҳмонон ба кишвари мо созишнома дар бораи ҳамкориҳо миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Чин ба тасвиб хоҳад расид. Бар асоси ин созишнома, минҷумла баргузории мусобиқот дар риштаҳои мухталиф миёни варзишкорони Тоҷикистону Чин, таъсиси синфҳои омӯзишии мураббиёну мутахассисони соҳа дар назар аст. Ҳамчунин бо дархости ҷониби Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Чин барои омода кардани варзишкорони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин кӯмак хоҳад кард.»
XS
SM
MD
LG