Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саёҳат ва ҷаҳонгардӣ - аз Тоҷикистон ба хориҷ ва аз хориҷ ба Тоҷикистон


Саёҳат ва ҷаҳонгардӣ барои бисёре аз кишварҳо як манбаъи муҳими даромад ба ҳисоб меравад. Аммо барои ҷалби саёҳон ба кишвар бояд албатта кори зиёдеро аз пеш анҷом дод. Як паҳлуи ин кор бунёди зербинои ришта аст, ки сохтмони меҳмонсароҳо ва роҳҳои хуб дар масирҳои саёҳӣ, тартиби ҳарчӣ содатари ироаи раводиди сафар ва корҳоеро ба мисли ин дар бар мегирад. Кори дигаре ки низ бояд анҷом шавад, ба таври густарда муаррифӣ шудани кишвар ба ҳайси як макони шоистаи саёҳат ба ҷаҳониён аст. Ва аммо Тоҷикистон дар ин роҳ то куҷо муваффақ шудааст? Ва оё худи шаҳрвандони тоҷик то куҷо шароит ва имкони саёҳат ба кишварҳои дигари ҷаҳонро доранд?

Барои шунидани гузориши муфассал дар ин бора рамзи радиоро аз паҳлуи сарлавҳаи ин матлаб панҷа занед.
XS
SM
MD
LG