Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони қаиқронии Тоҷикистон


Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи қаиқронӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ҳудуди 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар ширкат карданд. Бино ба иттилоъи Алиаҳмад Мӯсоев, ноиби раиси Федеросиюни қаиқронии Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ дар қаиқронӣ дар байдарка ба масофаи 200 метр байни мардон Равшан Турсунов аз шаҳри Душанбе ва миёни занон Регина Қурбонова аз шаҳри Хуҷанд пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар ин масофа дар байдаркаи дунафара Ринат Ахметшини душанбегӣ ва Қодир Содирови хуҷандӣ байни мардон, Нигина Сираева ва Оксана Маллабекова, ҳарду аз вилояти Суғд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар қаиқронӣ дар байдарка ба масофаи 500 метр варзишгарони Хуҷанд Хуршед Абдуғаниев байни мардон ва Самира Бобоҷонова миёни занон дар мақоми аввал қарор гирифтанд. Масофаи 1000 метрро дар байдарка Ринат Шарифови хуҷандӣ аз ҳама пеш тай кард. Дар ин масофа дар байдаркаи дунафара Темур Лагутенко ва Зокир Набиев, ҳарду аз Душанбе ғолиб омаданд.
Дар рақобатҳо дар каноэ ба масофаи 200 метр варзишгари Хуҷанд Умед Зоидов пирӯз шуд. Ин масофаро дар каноэи дунафара нахуст Аҳмад Қодиров ва Денис Судин , ҳарду аз Хуҷанд тай карданд. Дар масофаи 500 метр Муҳаммадҷон Сангинов аз вилояти Суғд медоли тилло ба даст овард. Дар навъҳои дигари рақобатҳо варзишгарони душанбегӣ Саид Содиров ва Бахтиёр Давлатов, қаиқронони вилояти Суғд Дилшод Холов, Дамир Капкаев, Юлия Котелникова, Гулнора Абдуғаниева, Виталий Степанов, Евгений Телегин ва Рустам Ансоров мақоми аввалро касб карда, бо медоли тилло сарфароз шуданд.
Ба гуфтаи оқои Мӯсоев беҳтарин қаиқронони тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар омода мешаванд.
XS
SM
MD
LG