Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои форсизабон хостори қатъи даргириҳо дар Лубнон шуданд


Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе, 26 июл, хостори қатъи бидуни қайду шарти амалиёти низомӣ дар Лубнон шуданд. Ин баёния дар поёни дидори Эмомалӣ Раҳмонов, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай дар Душанбе мунташир шуд.


Дар ҷараёни ин дидор миёни раҳбарони се кишвари ҳамзабон тавофуқ шуд, ки як Шӯрои ҳамоҳангӣ барои густариши равобити миёни Ирону Афғонистону Тоҷикистон созмон ёбад. Маркази он дар Кобул мустақар хоҳад буд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов, ҳадафи аслии ин Шӯро пеш аз ҳама густариши равобити иқтисодӣ хоҳад буд.


Дар ин мулоқоти сеҷониба ҳамчунин тавофуқномаҳое дар заминаи ҳамлу нақл, баҳрабардорӣ аз об, сохтмони нирӯгоҳҳову роҳҳо имзо шуд.
XS
SM
MD
LG