Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуъоти тоҷик ва нишасти сарон дар Душанбе


Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаноми Миллат дар гуфтугӯ бо Озодӣ дар ин бора гуфт:

"Сармақолаи Миллат таҳти унвони "Аҷам бедор мегардад" мунташир мешавад, ки аслан роҷеъ ба ифтитоҳи тунели Анзоб бо ширкати раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Ирон матолиб дарҷ кардаем. Дар ин маврид суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмонов ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар мавриди ҳамкориҳо ва ҳамгароии густардаи ду кишвари Ирон ва Тоҷикистон суҳбат меравад. Роҷеъ ба назари Ричард Ҳоугланд, сафири Омрико дар мавриди он ки гуфтааст, ҳамгароии кишварҳои Ирону Тоҷикистон як амри табиъист, онро ҳам мунташир кардаем. Ҳамчунин суханронии оқои Раҳмонов ва оқои Аҳмадинажод дар мавриди нахустин мулоқотҳои худашонро ҳам чоп кардаем. Зимни ин мулоқот Аҳмадинажод таъкид карда ва пешниҳод додааст, ки як телевизюни форсизабон таъсис шавад, то битавонад фарҳанги форсиро барои дунё муъаррифӣ кунад. Ин мавзӯъ ҳам дар ҳафтаномаи мо баррасӣ шудааст."

Аз сӯи дигар, Марат Мамадшоев, аз кормандони ҳафтаномаи Asia-Plus, дар бораи матолиби марбутаи ин нашрия гуфт:

"Ба гуфтаи коршиносон, дар мулоқоти раисиҷумҳурони се кишвар пеш аз ҳама ба масоили иқтисодӣ таваҷҷуҳ хоҳад шуд. Буҳрони ҳастаии Ирон дар ин нишаст баррасӣ намешавад. Албатта, хабарнигорони мо ба шиддат гирифтани буҳрони Ховари Миёна низ таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Агарчи ҳар ду коршиносе, ки нашрияи мо ба онҳо муроҷеъа кард, чунин тахмин мезананд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ мавзӯъи аслии ҳамоиши раҳбарони се кишвар аст. Аммо ҳамзамон бо ин коршиносон дурнамои нишасти сарони се кишвари форсизабон, бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти фарҳангӣ, чандон хушбин нестанд. Масалан, яке аз коршиносон мегӯяд, ки омилҳои фарҳангӣ на ҳамеша дар сиёсат нақши ҳалкунанда дорад. Яке дигар аз таҳлилгарон гуфт, ки ин кишварҳо тафовутҳои зиёде доранд, ки монеъ аз ҳамгароии онҳо мешавад. Масалан, тафовут дар чизҳои одӣ ба монанди хат, ки онҳо бо ҳуруфи форсии арабӣ менависанд."
XS
SM
MD
LG