Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи оҳани Тоҷикистон аз "монеътарошӣ"-и Узбакистон нохушнуд аст


Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон расман ба Шӯрои марказии роҳи оҳани кишварҳои мустақилли ҳамсуд аз чизе, ки монеътарошии Узбакистон дар ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон таъбир мешавад, шикоят кардааст.


Ба гуфтаи масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон, ҳамарӯза қаторҳои хатти сайри Тоҷикистон-Русия ҳангоми убур аз хоки Узбакистон ба таври ғайриқонунӣ барои соъоти тӯлонӣ нигаҳ дошта мешаванд, ки ин боъиси бурузи мушкилоти дигар мешавад ва аз ҷумла ҷадвали замонии ҳаракати қаторҳоро ба ҳам мезанад.


Владимир Сабкалов - муъовини аввали Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон бо ишора ба ин мушкилот гуфт, сарфи назар аз муроҷиъаи батакрори масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ба мақомоти Узбакистон, ҳанӯз ин мушкилот боқист:


"Мо ҳайъати кумиссиюни Шӯрои марказиро, ки чанде қабл ба Душанбе омада буд, дар ҷараён гузоштем, расман муроҷиъа ва пешниҳод кардем, ки дар ҷаласаи баъдии худ мушкилоти қаторҳои Тоҷикистон баррасӣ шавад."


Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Шоев, як сокини ноҳияи Рашт, ки тоза аз муҳоҷирати кории Русия баргаштааст, мегӯяд, ки дар роҳи сафар ба Русия ва ҳангоми бозгашт дар истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё намояндагони пулис ва мақомоти дигари Узбакистон қатори онҳоро бидуни ҳич далеле барои беш аз 5 соъат мутаваққиф карданд:


"Оё ҳукумати Тоҷикистон наметавонад ин мушкилро ҳал кунад, зеро беасос моро дар истгоҳи марзӣ бо Узбакистон мақомоти интизомии ин кишвар тафтиш намуда, чанд соат аз меъёр бештар нигаҳ медоранд.


Ба гуфтаи Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон, қарор аст ин масъала дар ҷаласаи баъдии Шӯрои марказии Роҳи оҳани кишварҳои мустақилли ҳамсуд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Иравон, пойтахти Арманистон баргузор мегардад, тарҳу баррасӣ шавад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG