Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ ҳамоиши ҷиноҳи "Ватан"-ро ғайриқонунӣ медонад


Садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши як баёния ба нашри матлабе дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» таҳти унвони «Ҳизби демократи Тоҷикистон эҳё мешавад ё барҳам мехурад» эътироз кардааст.


«Минбари халқ» - нашрияи Ҳизби ҳокими халқи демократи Тоҷикистон дар ин матлаб гуфтааст, ки пешниҳоди гурӯҳе аз аъзои куҳнакори ҲДТ ҷиҳати таъсиси ҷиноҳи «Ватан» дар дохили Ҳизби демократ аз сӯи садорати ин ҳизб пуштибонӣ наёфтааст. Ба навиштаи «Минбари халқ», бо таваҷҷуҳ ба ин нукта ҷиноҳи «Ватан» бо раёсати Масъуд Собиров барои даъвати ҳамоиши фавқулъодаи ҲДТ кумитаи тадорукотӣ созмон додааст. «Минбари халқ» бо истинод ба иттилоъи созмонидиҳандагони ҷиноҳи «Ватан» навиштааст, ҳадафи онҳо эҳёи дубораи Ҳизби демократ аст.


Изҳороти садорати ҲДТ нашри матлаби «Минбари халқ»-ро иғвоангез хонда, онро як навъ мудохилаи ҳизби ҳоким дар умури дохилии Ҳизби демократ унвон кардааст. Садорати ҲДТ афзудааст, ки дар доман задан ба ихтилофоти дохилии ҲДТ талвиҳан ва мустақиман нерӯҳое иртибот мегиранд, ки аз сӯи Ҳизби халқи демократи Тоҷикистон алайҳи фаъолияти ҲДТ ташвиқ мешаванд.


Баёнияи садорати ҲДТ фаъъолияти ҷиноҳи " Ватан"- ро муғойир бо ойинномаи ҲДТ номида ва баррасии имкони таъсиси онро дар дохили ҳизби мазкур ғайривоқеъӣ номидааст.
XS
SM
MD
LG