Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳадя"-и муҳоҷир ба занаш


Азизулло Қосимов-мудири дармонгоҳи бемориҳои таносулии Тоҷикистон аз густариши бемориҳои таносулӣ ё венерикӣ гуфт, яке аз сарчашмаҳои аслии сирояти бемориҳое аз қабили оташак ва сузок дар миёни аҳолии Тоҷикисон, бахусус занон муҳоҷирони кории тоҷик мебошанд.

Ҷаноби Қосимов афзуд, аз миёни беш аз 300 гирифтори ин беморӣ, беш аз 30 дарсадро заноне ташкил мекунанд, ки аз шавҳарони муҳоҷирашон сироят ёфтаанд:

"Дар майдони ҳавоӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва посгоҳҳои марзӣ маркази ташхиси Эйдз ё СПИД надорем. Аммо як чизро бояд фаромуш накунем, ки бо роҳи маҷбурӣ намешавад пеши роҳи ин бемориро гирифт, бояд мардум худаш инро фаҳмад. Ба ин хотир бо кумаки созмонҳои байнамиллӣ, аз ҷумла Бунёди глобалии
Здрав- Плюс ва дигарон мо варақаҳои огоҳкунанда ва рифолаҳоро дар миёни муҳоҷирони корӣ тақсим кардем".


Як сокини шаҳри Душанбе, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш 8 сол дар Русия дар муҳоҷират буд ва ҳангоми бозгашт ба хона ба ҷойи туҳфа бемории таносулиро барояш ба савғо овардааст. Вай мегӯяд тайи 1 сол аст, ки аз ин беморӣ ранҷ мебарад, аммо барои табобати комил имконоти молӣ надорад. Гузашта аз ин, шавҳараш хоҳиши идома додани зиндагиро бо ин гунаҳкори бегуноҳ надорад ва мехоҳад ба ӯ талоқ диҳад. Вай чунин мегуяд:

"Баъди 8 соли муҳоҷират шавҳарам баргашт ва маро гирифтори бемории таносулӣ кард. Худаш боз баргашта дар Руссия худро табобат кард, аммо ман намедонам чӣ кор кунам. Боз вай маро туҳмат кардааст, ки гуё ман худам гирифтори чунин беморӣ будаам ва мехоҳад аз ман ҷудо шавад. Ман, ки аз хона берун нарафтаам,чӣ тавр ба чунин беморӣ гирифтор шудам?"

Шодӣ Соҳибназаров-мудири маркази бемориҳои таносулии шаҳри Душанбе дар робита бо паёмадҳои ин бемориҳо мегуяд, агар ин бемориҳо ба зудӣ муъолиҷа нашаванд, метавонанд боиси пайдоиши бемориҳои шадиди дигар шавад:

"Дар сурати табобат накардани бемории оташак ё сифилис одам метавонад, маҷрӯҳ шавад. Оҳиста–оҳиста узвҳои ҷинсӣ ва дохилии одам аз кор мебарояд. Муйи сари одам мерезад ва узвҳои зоҳирӣ ва ботинии вай куллан аз кор мемонанд ва дигар табобат намеёбанд".

Мутахасисон мегӯянд, мутаассифона, ҳануз дар роҳи ҷилавгирӣ аз сироят ва густариши бемориҳои таносулӣ ё венерикӣ дар миёни аҳолии кишвар, муҳоҷирини корӣ ва занону кӯдакон тадбирҳои муҳим андешида нашудааст.

Азизулло Қосимов- мудири маркази ҷумҳуриявии бемориҳои таносулии Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд, бояд дар баробари марказҳои ташхиси СПИД ҳамчунин дар фуруудгоҳ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва посгоҳҳои марзӣ, марказҳои боварӣ ё ташхиси бемориҳои таносулӣ низ фаъолият кунад.

Тибқи маълумоти расмии маркази ҷумҳуриявии бемориҳои таносулӣ соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 200 ва дар 6 моҳи соли равон беш аз 300 нафар гирифторони бемориёҳои таносулӣ, аз қабили оташак ва сузок ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 50 дарсадашонро муҳоҷирони корӣ ташкил мекунанд. Аммо омори ғайрирасмӣ ин рақамро ба маротиб зиёд нишон медиҳанд, зеро аксари сироятшудагон, ба вижа занони хонанишин аз бими ошкор нашудани бемориашон ба дармонгоҳҳо намераванд, балки дар назди табибони халқӣ ё дар шароити манзил табобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG