Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзаҳои гуворо, вале... марговар


Олмотӣ Бисёре аз коршиносон мегӯянд, дар кишварҳои дорои ҷомеъаи суннатӣ бемориҳои таносулӣ камтар густариш меёбад.

Дар маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Олмотӣ ба мо гуфтанд, ки дар Қазоқистон аз ҷумлаи муҳоҷирон ғолибан ҷавонон ба робитаҳои ҷинсӣ машғул мешаванд. Тавре ки Муҳаммадшоҳи Акобиршо, яке аз фаъъолони ин марказ гуфт, чунин ҷавонон дар баробари бемориҳои марбут ба вируси камбуди масунияти бадан (ВИЧ) осебпазиранд. Саидаҳмади Иброҳимзода, ки синнаш зери панҷоҳ асту чун Муҳаммадшо солҳои тӯлонӣ дар Олмотӣ бо тиҷорат машғул аст, яке аз омилҳои ба чунин бадахлоқиҳо рӯй овардани ҷавононро марбут ба ҷанги дохилӣ ва костани ахлоқи ҷомеъа дар Тоҷикистон медонад:

"Баъд аз ҷанг ин кор дар байни халқи тоҷик бисёр шудааст. Ҷавонон ахлоқан вайрон шуда истодаанд. Умуман, ҳамдигарфаҳмиву як насиҳати калона гуш кардан нест. Умуман, хамин ҷавонои ҳозира беш аз 50-60 фоизаш вайрон шудагӣ".

Беҳудагардиву айёшӣ ва алоқахои тасодуфии ҷинсӣ, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, қабл аз ҳама боъиси гирифторӣ ба бемориҳои хатарнок, мисли ЭЙДЗ (СПИД) мешавад. Аз сӯи дигар, ҳамёни худи муҳоҷирро низ холӣ мекунад ва ӯ ба ҷои ёрӣ ба падару модари хеш ва аҳли оилааш маблағи бо сад азоб ҷамъкардаашро ба боди фано медиҳад. Ба ин хотир Ҳасан Бегматов - муҳоҷири қумсангирӣ мегӯяд, ки танҳо роҳи гирифтор нашудан ба фалокати ЭЙДЗ ва дигар хатарҳои марбут ба робитаҳои ҷинсии тасодуфӣ дурӣ ҷустан аз чунин амалҳои хатарнок ва ҳисси баланди масъулият дар назди зану фарзанд ва падару модар аст.

Ба таъкиди Муҳаммадшои Акобиршо - узви Шӯрои маркази фарҳангии тоҷикони Олмотӣ, муҳоҷирони тоҷик ҳарчанд аз тариқи расонаҳои хабарии Қазоқистон дар мавриди мубориза алайҳи бемориҳои вируси камбуди масунияти бадан ба андозае огоҳӣ пайдо мекунанд, вале ин кофӣ нест.

Бархе аз муҳоҷирон савод надоранд ва ё забони русиро дуруст фаро нагирифтаанд, забони қазоқиро ба куллӣ намедонанад . Ба ин сабаб Муҳаммадшо чунин мешуморад, ки бо кумаки Маркази фарҳангӣ ва дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барои муҳоҷирон бо ҷалби мутахассисин ҳар сари чанд ваҷт суҳбатҳо доир карда, онҳоро бо хатари вируси норасоии масунияти бадан ва дигар бемориҳои таносулӣ бояд ошно намуд, то муҳоҷирон дарк кунанд, ки саҳлангорӣ дар ин масъала оқибатҳои ногувор хоҳад дошт ва ашхосе, ки ба истилоҳ, дил ба лаҳзаҳои гуворое бо занону духтарони ношинос медиҳанд, ҳаёти хеш ва хонаводаашонро зери хатар хоҳанд гузошт ва ҳатто ҷони хешу наздиконашро аз байн хоҳанд бурд.

Анатолий Белоног - муъовини вазири беҳдошти Қазоқистон дар суҳбат бо радиои Озодӣ изҳор кард, ки дар Қазоқистон тақрибан 65 ҳазор нафар мубталои бемории норасоии масунияти бадан вуҷуд дорад. Аз онҳо 75 дарсадашон аз тариқи сӯзандору ва 16 дарсад аз роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд. Ба андешаи коршиносон, барои кишвари 15-миллионнафараи Қазоқистон ин рақам чандон бузург нест.

Рӯзноманигор Саидаҳмад Қуттиқадам мегӯяд, яке аз омилҳои ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои таносулӣ, ба вижа ЭЙДЗ, дар ин кишвар тақвияти корҳои пешгирӣ, огоҳсозӣ ва ба таври муассир истифода кардани расонаҳои хабарист. Дар ин робита омилҳои суннатӣ низ ба гуфтаи рузноманигор, таъсири умда дорад. Ба андешаи вай, Қазоқистон, ки кишвари умдатан мусалмоннишин аст, муҳити хонаводагиву таъсири дин то андозае садде дар роҳи густариши бемориҳои таносулӣ ва ЭЙДЗ шудааст. Вале дар маҷмӯъ хатари густариши бемории ЭЙДЗ ва дигар бемориҳои таносулӣ, ба таъкиди муъовини вазири беҳдошти Қазоқистон, ҳамоно дар ин кишвар мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG