Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои давлатии Афғонистон бахшҳои ҷанубиро бозпас гирифтанд


DR

Ду ноҳияи ҷануби Афғонистон, ки ахиран тавассути пайкорҷӯёни исломӣ ишғол шуда буд, дубора зери кунтрули нирӯҳои давлатии Афғонистон даромадааст.


Зоҳир Азимӣ - сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон дар таъйиди ин хабар гуфт, ки тайи амалиёти муштараки артиши ин кишвар ва Эътилофи байнулмилалии зиддитеруристӣ ду ин ду ноҳия дар вилояти Ҳилманд дубора дар ихтиёри давлати марказии Афғонистон қарор гирифтаанд. Ба эътиқоди вай, ин ноҳияҳо қаблан аз сӯи нирӯҳои вафодор ба Толибон ишғол шуда буданд.


Вай афзуд, пас гирифтани ноҳияи Новаи Борикзай аз нирӯҳои Толибон тайи ду соъат бидуни муқовимати шадиди Толибон анҷом ёфт.


Рӯзи душанбе (17 июл) ноҳияҳои Гармсер ва Новаи Борикзайи вилояти Ҳилманд аз сӯи нирӯҳое ишғол шуд, ки вазорати дохилаи Афғонистон онҳоро ба Лашкари Тайиба ва Ҷамъияти уламои исломии Покистон нисбат дода буд. Эътилофи зиддитеруристӣ дар бораи ҳуввияти нирӯҳои пайкорҷӯ изҳори назаре накардааст.
Фахриддини Холбек, аз Кобул
XS
SM
MD
LG