Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба мусобиқоти Осиё омода мешавад


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳалаи омодагӣ ба қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни наврасони то 17-сола, ки аз 3 то 17 сентябри соли равон дар Сингапур баргузор мешавад, шурӯъ кард. Бино ба иттилоъи Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон тими мунтахаби наврасони кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Пӯлод Қодиров ва ёваронаш Носир Ҳамидов ва Салоҳиддин Ғафуров дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд то рӯзи 1 август тамрин мекунад. Ба ҳайати даста аслан бозигарони ҷавони тими футболи лигаи олӣ - «Ориёно»-и Душанбе дохиланд.
Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Ироқ, Эрон ва Яман рақобат хоҳад кард. Дар аввалин дидори худ футболбозони навраси тоҷик рӯзи 3 сентябр бо ҳамсолонашон аз Ироқ қувва меозмоянд.
Ба гурӯҳи «А» тимҳои Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур ва Ҷопон, ба гурӯҳи «С» дастаҳои Куриёи Шимолӣ, Лаос, Мянма ва Арабистони Саудӣ, ба гурӯҳи «D» тимҳои Чин, Бангладеш, Вйетнам ва Сурия дохил шудаанд.
Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 11 сентябр, бозиҳои нимниҳоӣ 14 сентябр ва бозии ниҳоӣ 17 сентябр баргузор мешаванд.Чаҳор дастаи беҳтарин қорраи Осиёро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола, ки соли оянда дар Куриёи Шимолӣ доир мегардад, намояндагӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG