Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқибати "базм" бо занони сабукпо


Духтури ҷимоънишоси тоҷики муқими Маскав Абдулло Давлатов густариши бемории СПИД дар Руссияро ба ботлоқи балохез ташбеҳ мекунад ва мегуяд ҳар кӣ дар ин варта по нобарҷо бигузорад, оқибати кораш ба ҷуз пушаймонӣ чизе нест.

"Дар Россия, чӣ хел гуем, як ботлоқи калони ҳамин касалиҳо ҳаст, ки ҳар касе поша оҳиста нагзора, дар ҳамин ботлоқ фуру меравад".

Нигаронии пизишки тоҷик аз ин аст, ки аксари марду зани ҷавони тоҷик, ки чун муҳоҷири корӣ ба Руссия меоянд, дар бораи бемориҳое мисли СПИД ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз олудагӣ бо он огоҳӣ надоранд. Пизишк барои ҷилавгирӣ аз олудашавии муҳоҷирин ба СПИД ва бемориҳои наздик ба он расонаҳои гуруҳӣ, мақомот ва пизишкони Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Пизишк ҳушдор медиҳад, дар вазъи иқтисодие, ки Тоҷикистон дорад, ҳар кӣ худро дониста ва ё надониста мубтало ба СПИД месозад , умри худро чандин карат кутоҳ мекунад.

"Бояд халқ хабардор бошад, ки касалиҳое, ки ба тарзи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, ин як фалокати калон аст- на танҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки бештар аз ҷиҳати моддӣ. Барои табобати ин касало на камтар аз ҳазор доллар ҳар моҳ сарф мешавад. Баъд, ин касало на бештар аз 10-12 сол умр мебинанд. Аз ҳама хавфнок ҳамин аст, ки агар дар мадди аввал ташхис карданшон натонан, мумкин, ки аз уно фарзандои касалӣ таввалуд шавад. Хулоса, як фоҷеъаи калон мешавад барои Тоҷикистони кучак, ки мардумаш қашшоқ аст. Барои ҳамин, агар ки Тоҷикистон хоҳад, ки мардумша бой натияд, албатта бояд бо расонаҳои хабарӣ, бо духтурҳо ҳамкорӣ кунад, ташвиқот барад, ба мардум фаҳмонад".

Ҳамсуҳбати дигари мо, ки худ аз шумори муҳоҷирини корист ва дар Руссия дар муҳиту макони муҳоҷирӣ зиёд ба сар бурдааст, ба бемории СПИД гирифтор шудани бархе аз ҷавонони тоҷик дар Руссияро ба бедонишӣ, бефарҳангӣ ва насиҳатпазир набудани онҳо бастагӣ медиҳад:

"Ҳар он касе, ки каме сатҳи маърифатӣ дорад, чӣ дар Руссия, чӣ дар Тоҷикистон кор мекунад, ин чизро мефаҳмад, худро эҳтиёт мекунад. Аммо ,мутаассифона, бисёр ҷавонони тоҷик ба ин бо як кутоҳандешӣ нигоҳ мекунанд. Аз сабаби он ки ба муддати зиёд аз назди аҳли ойлаи худ дур мешаванд, ба робитаи номашруъӣ ҷинсӣ бо занони сабукфикру сабукпо ва шубҳаноки рус даст мезананд".

Ҳамсуҳбати мо дар бораи шеваи зиндагии бархе аз муҳоҷирини шиноси худ хотироти нохуш дар ёд дорад ва ба ҳамин манзур аз зикри номи хеш худдорӣ кард, вале он чиро дар бораи он нафарон медонист, бозгу кард.

"Ман ҷавононеро медонам, ки дар шаҳри Железнодорожники вилояти Маскав кор мекарданд. Кори хуб надоштанд. Як кори бисёр даромади паст доштанд, аммо аз хурду хурокашон сарфа карда, дар як ҳафта ду ҳафта ,ба қавли худашон, «маъишат» мекарданд. Чор панҷ нафар бо 100-150-200 доллар як зани сабукпоро меоварданд, як шаб ба гуфтаи худашон «базм» мекарданд. Ман гуфтам, ки охир бачаҳо шумо медонед, ки дар ин ҷо бемории СПИД зиёд аст. Шумо ин тарафа фикр намекунед? Ино гуфтанд: "э..., ҳама ин кора мекунан... бемор намешаван..." Мутаассифона, вақте ки мефаҳманд, кор аз кор гузаштааст, дер мешавад".


Густариши СПИД ва хатароти афзояндаи он мақомоти Руссияро таҳрик кардааст, ин мавзуъро ба баррасии ҷаласаи сарони кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон дар Санкт- Петербург пешниҳод намояд. Сарпизишки умури беҳдоштии Руссия Геннадий Онишенко дар остонаи баргузории ин ҷаласа чунин гуфт:

"Яке аз масъалаҳое, ки Руссия ба ҷаласа пешниҳод мекунад, марбут ба мушкилоти СПИД дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқӣ ҳамчун ҷузъи мушкилоти ҷаҳонист".

Бино ба омори расмӣ ва ғайрирасмӣ дар Русия аз 800-ҳазор то якуним миллион мубтало ба СПИД ҳастанд, ки беш аз як дарсади мардумро ташкил медиҳанд. Дар тавзеҳ ба чунин омор Бунёди Ҷаҳонии мубориза бо СПИД дар СММ навиштааст: "Нуфузи беш аз як дарсади СПИД ҳадест, ки пас аз он вирус хатарзо мешавад ва аҳолиро осебпазир мекунад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар Африқои Ҷанубӣ дар соли1991 як дарсади мардум мубтало ба Спид буданд, ҳоло ин рақам ба 25 дарсад боло рафтаст. Ба гуфтаи Бунёди Ҷаҳонии мубориза бо СПИД дар СММ, СПИД дар Русия хеле баъдтар аз Африқои Ҷанубӣ пайдо шудаст, вале айни ҳол дар Руссия афзоиши тундтар аз Африқоро касб кардааст ва яке аз сабабҳои асосии он равобити ғайримашруъи ҷинсӣ ва уфунатҳои марбут ба он аст. Бино ба омори маркази федералии мубориза бо СПИДИ Русия, аз 800 ҳазор мубталоёни СПИД 80 дарсади онҳо ҷавонони аз 15 то 29 сола ҳастанд. Дар мизи гирде, ки намояндагии бунёди Сороси Тоҷикистон моҳи феврали соли равон дар Маскав баргузор кард эълом шуд, аксари тоҷикистониҳои мубтало ба СПИД дар Русия ба ин бало гирифтор шудаанд.
XS
SM
MD
LG