Корномаи Сид Барретт дар заминаи мусиқӣ фақат ҳафт сол тӯл кашид, аз соли 1965 то авоили 1972 ва тайи 32 соли ахири умраш вай пайваста аз забти оҳангҳои тоза парҳез кард. Аммо чи чизе боъис шуд, ки шуҳрату маҳбубияти Сид ин ҳама мондагор шуд ва теъдоди тарафдорони вай ба маротиб бештар аз бархе аз таронасароҳову овозхононест, ки тайи даҳсолаҳо овозхонӣ кардаанд. Пеш аз ҳама рози маҳбубияти мондагори Сид Барретт эҳтимолан гурӯҳест, ки ӯ поягузораш буд. Гурӯҳи Пинк Флойд, ки то кунун аз маҳбубтарин гурӯҳҳои роки ҷаҳон ба шумор меравад ва ҳатто рафтани Сид Барретт аз гурӯҳ ҳам аз мизони маҳбубияти он дар саросари ҷаҳон накост.
Сид Барретт, ки дар хилвату узлат ба сар мебурд, рӯзи 7 июл бар асари ибтило ба бемории саратон даргузашт ва ба унвони яке аз халлоқтарин истеъдодҳои инқилоби мусиқии роки Бритониё дар қарни бист ба торих пайваст. Сид Барреттро акнун мунтақидони мусиқӣ ба унвони яке аз барҷастатарин чеҳраҳои даҳаи 1960, дурахшонтарин ситораи он ва саранҷом фаҷеътарин қурбонии он давра муъаррифӣ мекунанд. Вай дар авҷи парвози худ гирифтори эътиёд ба маводди мухаддир шуд, оромиши равонии худро аз даст дод ва дигар қодир ба фаъъолият дар заминаи мусиқӣ ва ҳатто дар ҷомеъа набуд. Эътиёд ба маводди мухаддир ӯро ба як фарди гӯшагиру танҳо табдил карда буд. Аммо ҳамон ҳафт соли фаъъолияти дурахшонаш номи ӯро ҷовидона сохт.
Барретт дар синини навҷавонӣ ба сохтани оҳанг пардохт, муддате пас аз даргузашти падараш, ки пизишки саршиносе буд. Ӯро ҳамеша мешуд дар бошгоҳҳои мусиқии мардумии Кeмбриҷ дид, аммо тадриҷан таваҷҷуҳи вай ба мусиқии электруник афзуда шуд. Вай дар гурӯҳҳои омотур (ҳаваскор)-и Кeмбриҷ ҳунарнамоӣ мекард ва дар соли 1964 вориди мадрасаи ҳунарии Ландан шуд. Як сол баъд аз он Барретт ба ҳамроҳи дӯсти даврони навҷавониаш Роҷер Вотерз ба ҳунарнамоӣ пардохт. Роҷер Вотерз он замон дар хиёбони Реҷент Парки Ландан меъморӣ меомӯхт. Ба ин гурӯҳ ду дӯсти дигари Роҷер - Ричард Райт ва Ник Мейсон ҳам пайвастанд ва бад-ин гуна гурӯҳи пуровозаи Пинк Флойд шакл гирифт.
Бо ин ки Сид Барретт ҷавонтарин узви гурӯҳ буд, вай билофосила ба сардастаи Пинк Флойд табдил ёфт ва ҳатто номи гурӯҳро ҳам худи ӯ интихоб кард. Вай як олбуми мусиқии блу дошт бо ду овозхони гумноме бо номҳои Пинк Андерсон ва Флойд Каунсил ва талфиқе аз ин ду ном унвони гурӯҳи Сид Барреттро шакл дод. Сид Баррет ҳам таронасароӣ мекард ва ҳам овоз мехонду соз менавохт. Ба зудӣ гурӯҳи Пинк Флойд дар бошгоҳҳои мусиқии родиколи Ландан ҷои пое барои худ боз кард ва шинохта шуд.
Нахустин такоҳанги ин гурӯҳ соли 1967 мунташир шуд. Мунтақидони мусиқӣ оҳангҳои Барреттро омезае аз нуру торикӣ номиданд. Яъне маъҷуне аз шодию андӯҳ. Такоҳанги баъдии гурӯҳ ҳам бо номи "See Emily Play" ё "Бибин, ки Эмилӣ чи тур менавозад" ҳам намунае дигар аз ҳамин сабки мусиқӣ буд. Аммо рафта-рафта саҳми зулмату торикӣ дар оҳангҳои Пинк Флойд бештар аз саҳми нуру равшаноӣ шуд ва мунтақидони мусиқӣ онро ба фарёди навмедонаи як марди гирифтори ҷунуни ҷавонӣ ташбеҳ карданд. Ин дар ҳоле буд, ки Сид Барретт дошт дар дарёи эътиёд ба маводди мухаддир ғарқ мешуд ва ҳич ҳушдору андарзе ӯро аз ин гирифторӣ наҷот надод.
Боқимондаи гурӯҳи Пинк Флойд дигар намехостанд оҳангҳои ҷунуномези ӯро бихонанд ва дар соли 1968 раҳбари худро аз гурӯҳ берун андохтанд. Ин рӯйдоди талх ҳам ӯро аз ғафлат раҳо накард ва ҳатто баръакс, ӯро беш аз пеш ғарқ дар эътиёд кард.
Вай тайи солҳои 1970 ва 1971 ба танҳоӣ ду олбум сохт бо номҳои The Madcap Laughs ё Хандаҳои Марди Девона ва Barrett. Дӯстонаш Вотерз, Райт ва Гилмор ба ӯ дар сохтани ин олбумҳо кумак карданд, аммо ҳич як аз олбумҳо фурӯши қобили мулоҳизае надошт. Дар натиҷа Барретт ба хонаи модараш дар Камбриҷ баргашт ва зиндагии зоҳидонаеро пеша кард. Вай дар соли 1972 дар чанд кунсерти гурӯҳи маҳаллии Старз ҳамроҳӣ кард, аммо як баррасии интиқодомези кунсертҳои ӯ боъис шуд, ки ӯ ба куллӣ баландпарвозиҳояш дар заминаи мусиқиро канор бигзорад ва барои ҳамеша ба гӯшаи узлат бихазад. Гурӯҳи Пинк Флойд дар сӯги дӯсти беморашон чандин оҳанги маъруф сохтаанд ба монанди "Нимаи торики Моҳ", "Эй кош ин ҷо будӣ" ва "Девор". Хелеҳо талош карданд Сид Барреттро дубора ба саҳнаи мусиқӣ боз оранд, вале ҳич як муваффақ нашуд. Ҳатто оҳангҳои вай ба монанди Мадкап, ки харидоре надошт, дар ғайбати вай борҳо бозхонӣ шуд ва даҳҳо нафар ба тақлид аз шеваи ҷунуномези вай шеър гуфтанду овоз хонаданд ва то кунун ҳузузри Сид Барретт дар мусиқии роки Ғарб комилан ошкор аст. Аммо вуҷуди ӯ дигар дар миён нест. Танҳо садост, ки мемонад ва номи накӯ...